Сарбозони ИМА Сомалиро тарк мекунанд


Бо дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА қисми асосии сарбозони амрикоӣ хориҷшавӣ аз Сомалиро оғоз карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN хабар дод.
Генерал Стивен Таунсенд, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Африка гуфтааст, Вашингтон минтақаро тарк нахоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки сарбозоне, ки Сомалиро тарк меккунанд, ба дигар пойгоҳҳои низомии ИМА дар Африкаи Шарқӣ ҷойгир мешаванд.
Доналд Трамп дар оғози моҳи декабр эълон карда буд, ки сарбозони ИМА то соли 2021 Сомалиро тарк хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ИМА барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Сомали ва омодасозии сарбозон низомиёни худро ба ин кишвар ворид карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ