5 ТАШАББУС –ДАР АМАЛ


E Малика ҶУМЪАЗОДА
Ба қарибӣ бо ташаббуси Итти-
фоқи ҷавонони Ӯзбекистон «Форуми сардорони ҷумҳуриявӣ – 1» дар вилояти Хоразм баргузор гардид. Мақсад аз ташкили форуми мазкур ҷавонони
боиқтидор ва фаъолу соҳибхиради ҷумҳуриро ба сардорӣ тайёр кардан иборат аст. Дар вилояти Хоразм, аз ҳар кадом вилоят сардорони равияҳои Иттифоқи ҷавонон ва ташкилоти бачагонаи «Камалак дар меҳмонхонаи «Ёшлик» ҷойгир шуданд. Аз рӯзи
аввал байни ҷавонҳо баҳсу мунозира оиди баъзе масъалаҳои илмӣ ба амал омад. Бегоҳӣ бозиҳои гуногуну
шавқовар ташкил шуд. Сарояндаи хизматнишондодаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Фозилҷонов
ба меҳмонхона ташриф оварда, бо сурудҳои дилнавози хеш кайфияти ҷавононро болидатар гардонид. Сардорҳо дар семинарҳо доир ба мавзӯъҳои гуногун иштирок карданд. Ба масканҳои туристии Хоразм
саёҳат намуданд. Асосан маҷмӯаи таърихии «Ичанқалъа» дар ҷавонон таассуроти калон гузошт. Ба театрҳо рафта, ҷаҳонбинии маънавии худро
бой гардониданд.

– Форуми мазкур барои дар амал
иҷро кардани 5 – ташаббуси Пре-
зидент хизмат мекунад. Зеро, дар давоми се рӯз байни мо ҷавонҳо оиди китобхонӣ, рақсу мусиқа ва саводхонии компутерӣ тадбирҳо ва баҳсу мунозираҳо баргузор шуда, аз
тамошоҳои театрӣ низ баҳраманд гардидем. Хурсандам, ки бахти дар ин форум иштирок кардан насиб гардид. Мо се рӯз дар Хоразм илму дониши худро боз ҳам зиёд карда, аз ҷиҳати маънавию эстетикӣ ғизо
гирифтем. Барои ҳамаи инҳо мо ҷавонон аз сарвари мамлакатамон миннатдорем, ки барои ҷавонон чунин имкониятҳоро фароҳам овардаанд,
– гуфт сардори ҷамоаи «Иттифоқ»-и Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Хуршедҷон Ҳасанов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ