«Шаби ялдо» чист?


E Бахтиёри ҶУМЪА
Аз забони мардуми мо баробари шунидани калимаҳои хушоҳанги адабӣ баъзан нодуруст истифода бурдани калимаҳо ба гӯш мерасанд. Масалан, ҳангоми сӯҳбат гоҳе мешунавем: – Ман шаб ба хонаи фалонӣ рафта будам.
Шунавандаи бегона, ки забонро хуб мефаҳмад, инро шунида, албатта ба ҳайрат меафтад: «Чаро шабона рафтааст?» «Магар дар рӯзи равшан вақт надошт?» ва ғайра аз хаёлаш мегузарад.
Мардуми Самарқанд «шаб « гуфта, рӯзи гузаштаро мефаҳманд ва дар назар доранд. Албатта, баъзеҳо ба ҷойи «шаб» «дина» ҳам мегӯянд. Дар ин гуна мавридҳо «дирӯз» ё «рӯзи гузашта» гуфтан дуруст аст. Агар одам номи ягон занеро гирифта,
шаб дар хонаи ҳамон буданашро гӯяд, боз ҳам шубҳаомезтар мегардад.
Дар фасли зимистон рӯзҳо кӯтоҳ мешаванд. Бинобар ҳамин, баъзеҳо аз шабҳои дарози зимистон шиква карда, мегӯянд: «худди шаби ялдо барин».
Дар асл намедонанд, ки ин чӣ гуна шаб аст? Барои дуруст дарк кардани маънои ин ифода ба луғат ва ё «Фарҳанги забони тоҷикӣ» рӯ меорем. Пеш аз он, ки дар ин бора маълумот диҳем, бояд донем, ки худи шаб чист?
Дар фарҳангу луғатҳо шаб ҳар хел шарҳу баён ёфтааст. Худи шаб муддати аз фурӯ рафтани офтоб то баромадани он; муқобили рӯз аст. Маънои
ибораҳои рехтаи «шаби анбарин», «шаби дайҷур»,
«шаби доҷ» шаби тираву торик, шаби зулмонӣ мебошад. «Шаби дӯшин» гуфта, шаби гузаштаро мефаҳманд. «Шаби моҳ» шаби моҳтоб, шаби моҳтобӣ аст. Мардуми Самарқанди мо якбора «моҳтобшаб» ҳам мегӯянд.
«Шаби фаррух» шаби муборак аст. Инчунин, ин номи яке аз мақомҳои сигонаи Борбад ва На-
кисо аст, ки дар шабнишиниҳои Хисрави Парвиз хондаву навохта мешудааст.
«Шаби барот» шаби понздаҳуми моҳи шаъбон аст, гӯё малоика дар ин шаб ҳисоби умр ва тақсими рисқ мекардаанд.
«Шаби қадр» шаби бисту ҳафтуми моҳи рамазон, ки дар он гӯё ҳамаи орзу ва дуоҳо қабул ва иҷро мешудааст.
Равшан нашавад шамъи
муроди мо ба шаби қадр,
Ҷуз оташи он шамъ, ки дар анҷумани мост. (Махфӣ).
«Шаб ба хайр» ё «шабатон хуш бод» ҳам дар байни мардум маъмул буда, муродифи «спокойной ночи»-и русӣ аст.
Акнун меоем ба сари ибораи «шаби ялдо». «Шаби ялдо» шаби дарозтарини зимистон аст,
ки ба 22-юми моҳи декабр рост меояд. Ҷоми дар ин бобат гуфтааст: Эй хуш он оташи рахшанда, к-аз оинаи субҳ,
Мебарад шӯълаи он занги шаби ялдоро.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ