Дар Қазоқистон генералро барои 500 доллар пора панҷ сол зиндон карданд

Сардори собиқи раёсати кадрҳо ва таълими ҳарбии Вазорати дифоъ барои ришваситонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд, менависад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба Хадамоти мубориза бо коррупсия.

«Муқаррар карда шуд, ки маҳкумшуда моҳи майи соли 2019 барои таъин шудан ба вазифаи афсарӣ дар Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои дифоъи зиддиҳавоии Бигелдинов дар Актобе ба маблағи 200 ҳазор танга (беш аз 520 доллар бо қурби онвақта) пора гирифтааст», — гуфтанд дар шӯъба.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Акмола генерал-майор ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хидмати давлатӣ маҳрум шудааст.

Ғайр аз ин, суд ба Президенти Қазоқистон дар бораи маҳрум кардан аз рутбаи низомии маҳкумшуда “генерал-майор” ва ордени “Ормет” дархост пешниҳод мекунад.

Тибқи иттилои дигар расонаҳо, номи генерал-майори маҳкумшуда Кайрат Копбоев будааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ