Эмкунӣ бар зидди коронавирус дар Исроил аз Бенямин Нетанёҳу оғоз шуд


Бенямин Нетанёҳу, сарвазири Исроил нахустин дар кишвар бар зидди коронавирус эм шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Кан” хабар дод.
Исроил барои эмкунӣ аз ваксинаҳои Pfizer истифода мебарад.
Эмкунии сарвазири Исроил дар бемористони “Тел ха-Шомер” анҷом ёфт. Ин ҷараён дар шабакаи телевизионӣ мустақим пахш шуд, “то худи Нетанёҳу намуна шавад ва аҳолиро ба эмкунӣ тарғиб кунад”.
Ҳафтаи гузашта ба Исроил нахустин ваксинаҳои Pfizer дастрас шуд. Дар зимн, ваксинаи миллии Исроил бар зидди коронавирус барои марҳилаи дувуми озмоиш иҷозат гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ