Духтарчаи рус ба даҳгонаи сарватмандтарин блогерҳо шомил шуд

Дар ин бора бахши русии маҷаллаи Forbes иттилоъ дода, навиштааст, ки Анастасия зинаи ҳафтуми рейтингро ишғол мекунад.

«Анастасия Радзинская, зодаи қаламрави Краснодар, тибқи гузориши маҷаллаи амрикоии Форбс, дар рейтинги блогерҳои баландмузди YouTube дар ҷаҳон мақоми ҳафтумро ишғол кард. Маҷалла рӯзи 18-уми декабр рӯйхати 10 ситораи сервиси видеоиро нашр кард»,- менависад рӯзнома.

Қайд карда мешавад, ки канали Радзинская Like Nastya ном дорад. Мувофиқи маълумоти Forbes, Радзинская соли дуюм аст, ки ба рейтинг дохил карда шудааст — дар соли 2019 ӯ ҷои сеюмро гирифт, ки даромадаш 18 миллион долларро ташкил дод.

Тибқи иттилои нашрия, даромади Радзинская имсол 18,5 миллион доллар, шумораи умумии тамошобинон 39 миллиард ва шумораи умумии муштариён 190,6 миллион нафарро ташкил додааст.

Ғайр аз он, қайд карда мешавад, ки Настя ягона духтарест дар байни 10 блогери беҳтарини YouTube.

Ба иттилои манбаъ, дар зинаи дуввум блогер Mr. Beast (Ҷимми Доналдсон) қарор гирифтааст, ки бори аввал ба ин рӯйхат шомил мешавад.

Гуфта мешавад, ӯ бо 47,8 миллион муштарӣ се миллиард тамошобин 24 миллион доллар ба даст овардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ