Кишварҳои Аврупо робитаҳои ҳавоиро бо Британияи Кабир қатъ мекунанд


Ҳукуматҳои чандин кишвари Аврупо қарори қатъи робитаҳои ҳавоӣ бо Британияи Кабирро қабул карданд. Сабаби ин қарор кашф шудани штамми нави COVID-19 дар Британия аст.
Аз 20 декабр дар Лондон ва ҷануби шарқии Англия маҳдудияти қатъӣ ҷорӣ шуд. Бино бар он, сокинони ин минтақаҳо набояд хонаи худро тарк кунанд. Борис Ҷонсон, сарвазири Британияи Кабир гуфт, ки штамми нави коронавирус бо суръати баланд сироят мекунад.
То ҳол Белгия, Италия ва Нидерландия робитаҳои ҳавоиро бо Британияи Кабир қатъ карданд. Ҳоло ҳукумати Олмон ва Исроил низ ин масъаларо баррасӣ мекунад.
Фаронса ба қатъи робитаҳои ҳавоӣ ва роҳоҳанӣ бо Британияи Кабир омодагӣ мебинад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ