Нишонаҳои асосии “гӯш” доштани телефонҳо


Дмитрий Курамин, мутахассиси озмоишгоҳи таҳлили амнияти ширкати «Инфосистемы Джет»-и Русия нишонаҳои равшани “гӯш” доштани телефонҳоро номбар кард.
Бино ба хабари “Газета.ру”, соҳиби телефон бояд пеш аз ҳама ба фаъолии нармафзорҳое (приложение), ки кам истифода мешаванд, эътибор диҳад. Дувум, якбора беш аз меъёр сарф шудани трафик ва қуввати батареяи телефон метавонад нишонаи “гӯш” доштани он бошад.
Ҳамчунин паёмак дар бораи он, ки телефон ҳангоми интиқоли маълумот аз рамзгузорӣ истифода намекунад, мумкин аз ин нишонаҳо бошад.
Курамин мегӯяд, ки барои пешгирӣ аз шунида шудани сӯҳбат аз сӯи дигарон телефон бояд нармафзори антивирусӣ дошта бошад ва он мунтазам нав карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ