Корманди корҳои дохилии вилоят дар мусобиқаи байналмилалии самбо сазовори ҷойи дувум шуд


Фурқат Рӯзиев, корманди шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Самарқанд дар мусобиқаи байналмилалии самбо, ки ҳоло дар шаҳри Маскави Русия баргузор аст, барандаи медали нуқра шуд. Дар ин бора Кун.уз хабар дод.
Фурқат Рӯзиев дар вазни 82 килограм рақибони худро паиҳам мағлб кард ва ба финали мусобиқа расид. Аммо, дар финал ӯ мағлуб шуд ва сазовори медали нуқра гардид.
Ёдовар мешавем, Рӯзиев дар моҳи ноябр дар Ҷоми Ҷаҳон дар миёни калонсолон, ки дар Сербия барпо шуд, низ ҷойи дувумро гирифт ва соҳиби медали нуқра шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ