Дар се моҳи охир дар Афғонистон чанд таркиш ба амал омад?

Шоҳидон мегӯянд, ки ин таркиш дар масири ҳаракати мошини Хон Муҳаммад Вардак, узви Маҷлиси намояндагон, дар ноҳияи панҷуми шаҳри Кобул рух дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии tolonews.com.
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон расман изҳор намуд, ки дар ин ҳодиса ҳадди ақалл ҳашт нафар кушта, 15 тани дигар захмӣ ва се мошин оташ гирифтаанд. «Террористон имрӯз дар маҳаллаи 5-уми Кобул ҳамлаи террористӣ анҷом доданд», — омадааст дар изҳорот. Дар ҷумлаи маҷрӯҳон кӯдакон, занон ва пиронсолон низ ҳастанд ва ба хонаҳои атрофи ҳодиса зарари ҷиддӣ расида, Хон Муҳаммад Вардак, вакили парлумон маҷрӯҳ шудаст.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе ба зимма нагирифтааст.
Дар изҳорот илова шудааст: «Дар се моҳи охир душманони мардуми Афғонистон 37 ҳамлаи интиҳорӣ (маргталабона) ва 510 таркиш анҷом доданд, ки мутаассифона наздики 500 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 1050 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. «Ин шеваи ҳамлаҳои террористӣ дар тамоми қонунҳои муҳориба ҷинояти ҳарбӣ ҳисобида мешавад».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ