Ба Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд сарвари нав таъин гардид

Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд таҳти раёсати Эркинҷон Турдимов оид ба самаранокии корҳое, ки дар соҳаи таълим халқ гузаронида мешаванд, ҷамъомад доир мегардад.
Дар ин ҷамъомад ҷонишини якуми вазири таълими халқ Усмон Шарифхоҷаев низ ширкат дорад.
Дар ҷамъомад масъалаи ташкилӣ баррасӣ карда шуд.
Шодиева Зебинисо Нурмамадовна — сарвари Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд таъин карда шуд.
То имрӯз Зебинисо Шодиева дар вазифаи ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ кор мекард.

Хизмати матбуоти Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ