Брексит: Боз як муҳлат ба поён расид, аммо музокираҳо идома доранд


Муҳлати охирин музокираҳои Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир барои тавофуқ дар бораи масъалаҳои ҳамкорӣ баъди Брексит ба поён расид. Аммо, музокираҳо ба умеди натиҷаи зарурӣ ҳанӯз идома доранд.
Тарафҳо то ҳол дар бораи ҳамкории баъдӣ дар соҳаи моҳигирӣ наметавонанд созиш кунанд. Пешниҳод иттиҳод дар ин бора аз сӯи Борис Ҷонсон, сарвазири Британия қабул намешавад.
Саноати моҳигирӣ ва тақсими саҳми тарафҳо дар моҳигирӣ яке аз масъалаҳои муҳиммест, ки тақрибан як сол музокираҳо дар ин бора идома дорад, вале то ҳол натиҷае надодааст.
Дар сурате, ки музокираҳо натиҷа намедиҳанд, ҳар ду тараф робитаҳоро бар асоси қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷоратӣ идома хоҳанд дод, ки он боиси таъсиси гумрук дар миёни ИА ва Британияи Кабир мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ