Ӯзбекистон ба таъмири оромгоҳи Навоӣ дар Ҳирот кӯмак медиҳад


Намояндагони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Абдуғаффор Қирғизбоев, мудири бахши рушди забони давлатии Девони Вазирон рӯзҳо 14-16 декабр ба Афғонистон сафар карданд.
Бино ба хабари “Дунё”, намояндагони Ӯзбекистон бо Тоҳир Зуҳайр, вазири муваққати фарҳанги Афғонистон аз Боғи Бобур дар шаҳри Кобул боздид карданд.
Ҳамчунин, онҳо барои шиносоӣ бо раванди таъмири оромгоҳи Алишер Навоӣ ба Ҳирот рафтанд.
Намояндагони Ӯзбекистон таъкид карданд, ки барои кӯмак ба таъмиру бозсозии оромгоҳи Навоӣ ба Афғонистон омода мебошанд.
Илова бар ин, тарафҳо дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар заминаи фарҳангро баррасӣ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ