Дар мактабҳо лавозими нав ҷорӣ мегардад

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Фармон «Дар бораи чораву тадбирҳои ривоҷдиҳии соҳаҳои таълиму тарбия ва илму фан дар даври тараққиёти нави Ӯзбекистон» имзо гузошт. Муайян мегардад, ки: а) ба лавозими эҷодӣ-маданӣ шоир, нависанда, журналист ва эҷодкорони шинохта аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон тавсия гардида, профессор-омӯзгорони кафедраҳои иҷтимоӣ-гуманитарии муассисаҳои таълими олӣ ҷалб мешаванд. б) ба лавозими тарғиботчӣ аз рӯйи масъалаҳои эҷодӣ-маданӣ таъингардида: * ба меҳнати шоир, нависанда, журналист ва эҷодкори шинохта аз ҳисоби воҳиди 0,25 штати лавозими «Пешсафи ҷавонон» — и муассисаҳои таълими умумӣ; * аз ҳисоби маблағҳои берун аз буҷаи муассисаҳои таълими олӣ ба меҳнати профессор ва омӯзгорони кафедраҳои таълими олӣ ҳақ пардохта мешавад. в) Ба тарғиботчиён аз рӯйи масъалаҳои эҷодӣ-маданӣ вазифаҳои маънан баркамол тарбия кардани авлоди ҷавон, кӯмак додан ба ҷамоатчигии васеъ дар расондани корҳои эҷодии хонандагони мактаб ва хонандагони фаъол, ташкил кардани викторинаҳои гуногун, мушоираҳо, шабнишинҳои адабӣ, дарсҳои шавқовар, мусобиқаҳои китобхонӣ ва шеърхонӣ бор карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ