Дар шаҳри Самарқанд маркази нави тиббӣ – «MedExpert» фаъолияти худро оғоз кард

Дар шаҳри Самарқанд бо иштироки Эркинҷон Турдимов, ҳокими вилоят ва намояндагони давлату ҷомеа маросими ифтитоҳи маркази тиббии хусусӣ — «MedExpert» баргузор шуд.
Арзиши ин маркази тиббӣ 7 миллион доллар буда барои 80 бемор пешбинӣ шудааст. Асбобу таҷҳизоти тиббии марказ дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир аст. Марказ толори интизорӣ, ҳуҷраҳои МРТ, МСКТ, рентген, ЭХО-КГ, УТТ, физиотерапия, массаж, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои заруриву иловагӣ дорад.
Роҳбарони марказ дар соли 2021 ба кор андохтани шӯъбаи ҷарроҳиро дар нақша дорад. Дар оянда дар марказ ҷарроҳии беш аз 10 навъи беморӣ ба роҳ монда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ