Пас аз 5 сол бо коронавирус чӣ мешавад?

Тӯли 5-7 сол коронавируси COVID-19 гузарандатар мешавад, аммо он мушкилоти камтарро ба бор меорад, менависад РИА Новости бо истинод ба мутахассиси бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков.

Вай инро бо он шарҳ дод, ки ҳама вирусҳо, аз ҷумла коронавирус, доимо мутатсия мекунанд.

«Аммо дар он (коронавирус. — таҳ) ин мутатсияҳо он қадар ба назар намоён нестанд ва аз ҷиҳати тағирёбии геномошон он қадар муҳим нестанд. Онҳо хусусиятҳои вирусро тағир медиҳанд»,- гуфт табиб.

Вирус бояд мутобиқ шавад, то дар муҳити беруна зинда монад ва организмҳои «мизбон» -ро накушад.

Пас аз муддате вирус тағир меёбад, вай зудтар интиқол хоҳад ёфт, аммо беморӣ осонтар рафъ хоҳад шуд, қайд кард Тимаков.

Ба гуфтаи ӯ, он чизе, ки ҳоло дар Бритониё рух медиҳад, ин назарияро тасдиқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали ҳафта дар ҷанубу шарқи Бритониё навъи нави коронавирус ошкор карда шуд. Олимон гуфтанд, ки он нисбат ба COVID-19 тезтар паҳн мешавад, ки метавонад боиси афзоиши сироятҳо гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ