Ҳабиб Нурмуҳамедов дар Россия беҳтарин варзишгари сол дониста шуд

Дар Россия ҷанговари UFC Ҳабиб Нурмуҳамедов варзишгари беҳтарин дониста шуд. Бино ба хабарҳо 10 фоизи овоздиҳандагон Нурмуҳамедовро беҳтарин варзишгари сол донистанд. Баъди вай ҷойро футболчӣ Артём Дзюба ишғол мекунад. Дар панҷгонаи пурқувват теннисчӣ Даниил Медведев, хоккейчӣ Александр Овечкин, аз рӯйи паридан дар болои ях Алина Загито ҷой гирифтанд. Нурмуҳамедов дар давоми фаъолият аз рӯйи санъати ҷанги омехта 29 ҷанг гузаронда, ягон маротиба мағлуб нашудааст. Хотиррасон мекунем, ки Ҳ.Нурмуҳамедов дар дунё ҳам варзишгари беҳтарин дониста шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ