Ба халқ хизмати ҳалол кардан ва ба даст овардани розигии онҳо – вазифаи асосии мо

МУРОҶИАТИ

ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба аҳолӣ оид ба анҷоми корҳои асосии амалигардида ва равияҳои устувортарини ривоҷи иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоят дар соли 2021

Ассалому алайкум иштирокдорони мӯҳтарами сессия!
Сенатор ва депутатҳои мӯҳтарам!
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон маротибаи нахуст муроҷиатномаи ҳокимон ба ҷамоатии васеъ бахшида ба анҷоми корҳои асосии амалигардида ва равияҳои устувортарини ривоҷи иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоят дар соли 2021 тақдим мегардад.
Дар асоси фикрҳои Президентамон, ки «дар шароити пандемия зиндагӣ ва кор карданро омӯхтанамон лозим» гуфтаанд, ҳар қадар душвор бошад ҳам, аз ӯҳдаи вазифаҳои устувори барои имсол муайянкардаамон ба маънои том баромадем гӯем, муболиға намешавад.
Дӯстони азиз!
Дар ҷое, ки як кори ибратбахш бошад, натиҷаи тадбири бомаслиҳат буданашро гувоҳ мегардем. Ин бесабаб нест. Зотан, мо аз гузаштаи бузургамон чунин сабақ гирифтаем.
Дар ҳамин маврид фикрҳои бобои соҳибқиронамон Амир Темурро, ки «Нӯҳ қисми корҳои салтанатро бо машварат, тадбир ва шӯро бояд ба ҷо овард» гуфтаанд, ба ёд овардан бамаврид аст, гуфта фикр мекунам.
Бо шаҳрвандонамон доимо мулоқот намуда, дидан мумкин, ки дар ҳар як соҳа ва шӯъба бевосита вохӯрӣ, маслиҳат ва мубодилаи афкор гузарониданамон барои ба дараҷаи баланд амалӣ намудани ислоҳотамон хизмат мекунад.
Пандемияи дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада ба татбиқсозии нақшаҳоямон таъсирашро нарасонида намонд.
Сиёсати оқилонаи аз ҷониби роҳбари давлатамон ва ҳукумат амалигардида, фармону қарорҳо, инчунин чораву тадбирҳои дар ин бора сари вақт қабулшуда, барои кам кардани таъсири салбии пандемия хизмат намуд.
Хусусан, рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ бо фармони Президентамон дар назди Вазорати молия Бунёди мубориза бар зидди инқироз, ки дорои 10 триллион сӯми буҷет мебошад, ташкил гардида, аз ҳамин бунёд барои вилоятамон 637, 4 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд.
Аз ҷумла, 147,3 миллиард сӯм ба тадбирҳои мубориза бар зидди паҳншавии инфексияи коронавирус, 334,8 миллиард сӯм ба амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва барномаҳои инвес­титсия, 122,7 миллиард сӯм барои таъин намудани нафақаи иҷтимоӣ ва кӯмаки моддӣ ба оилаҳои камтаъмин, инчунин 32,5 миллиард сӯм барои худро машғул намудани аҳолӣ ва ба муддати кӯтоҳ шаҳрвандони бекорро ба корҳои ҷамоатӣ ҷалб кардан равона карда шуд.
Ҳамчунин, дар даври пандемия бо мақсади таъмини кори муттасили шабакаҳои иқтисодиёт ва дастгирии тадбиркорӣ дар асоси фармону қарорҳои роҳбари давлатамон, ба субъектҳои тадбиркорӣ як қатор имтиёз ва сабукиҳо дода шуд.
Дар натиҷаи ин имтиёз ва сабукиҳо ба 37 ҳазор микрофирма ва корхонаҳои хурд 272 миллиард сӯмина имтиёзҳои андоз истифода шуда бошад, муддати пардохти 7,8 миллиард сӯм андози 265 субъекти пешбарандаи хоҷагӣ дароз карда шуд. 1,4 миллиард сӯм қарзи андоз ва пеняи 3360 корхона аз ҳисоб бароварда шуд. Дар ҳамин қатор 1540 субъекти хурди тадбиркорӣ аз пардохти 7,1 миллиард сӯмина андози молу мулк ва замин озод гардид.
Ба 11,2 ҳазор тадбиркори тартиби якка, ки аз сабаби карантин барои боздоштани фаъолият маҷбур шуданд, пардохти 17,5 миллиард сӯмина андоз, барои 776 субъекти тадбиркорӣ пардохти 1,3 миллиард сӯмина иҷораи мулки давлатӣ ҳисоб нашуда бошад, мутобиқи 8276 шартномаи кредит муддати пардохти 1 триллиону 443 миллиард сӯмина кредити тадбиркорон дароз карда шуд.
Депутатҳои мӯҳтарам!
Ба шароити пандемия нигоҳ накарда дар соҳаҳои саноат, сохтмони капиталӣ, нақлиёт-­коммуникатсия, сервис ва хизматрасонӣ комёбиҳои назаррас ба даст омад.
Хусусан, соли ҷорӣ 42,1 триллион сӯмро ташкил додан, ё ки нисбат ба соли гузашта 1,9 фоиз афзудани ҳаҷми маҳсулоти яклухт дар назар аст.
Дар давоми 11 моҳи соли гузашта суръати афзоиши маҳсулоти саноат ба 0,7 фоиз (15,8 триллион сӯм), хизматрасонӣ 2,9 фоиз, корҳои сохтмонӣ-­пудратӣ 7 фоиз таъмин шуда бошад, маҳсулоти саноатӣ ба сари аҳолӣ 4,1 миллион сӯм, гардиши савдои чакана 3,7 миллион сӯм ва хизматҳо 3,3 миллион сӯмро ташкил кард.
Аммо, ин нишондодҳо дар баъзе ҳудудҳоямон дар сатҳи паст буда, аз имкониятҳои додашуда пурра истифода нагардидааст.
Аз ҷумла, коркарди маҳсулоти саноатӣ дар Ҷомбой 81,4 фоиз, дар шаҳри Каттақӯрғон 99,3 фоиз, хизматрасонӣ дар ноҳияҳои Нуробод, Қӯшработ ва Каттақӯрғон ба дараҷаи паст қайд шудааст.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки пандемия асосан ба ривоҷи соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷаи ин дар соҳаи саноат 551 корхона фаъолияти кориашро муваққатан боздошта бошад, дар 726 корхона ҳаҷми коркардабарорӣ хеле кам гардида, дар 310 корхона нисбати соли гузашта гардиши пул суст шуд. Муваққатан боздошта шудани фаъолияти 3846 растаи савдои чакана ва 133 меҳмонхона, 344 туроператор, ниҳоят кам шудани ҳаҷми хизматҳои хӯрокворӣ ба нишондиҳандаҳои соҳаи хизмат таъсир кард.
Ба туфайли сиёсати оқилона ва корҳои бурдаистодаи Президентамон имрӯз фаъолияти корхонаҳои тамоми равияҳо барқарор гардида, кори худро идома медиҳад. Аз ҷумла, дар доираи барномаи маҳалликунонӣ аз ҷониби 22 корхона ба арзиши 178,8 миллиард сӯм, 52 намуди маҳсулоти саноатии ишғолкунандаи ҷойи воридот истеҳсол гардид.
Дар 11 моҳи соли 2020 аз ҷониби 495 корхона ба 53 мамлакат 518 намуди маҳсулоти 310,1 миллион долларина содирот карда шуд (197,2 миллион доллар маҳсулоти саноатӣ ва 112,9 миллион долларина маҳсулоти хоҷагии қишлоқ).
Соли ҷорӣ 190 корхонаи нави содироткунанда ташкил гардида, аз ҷониби онҳо ба миқдори 34 миллион доллар маҳсулот содирот гардид. Барои пур кардани маблағи гардиш ба 64 корхонаи содироткунанда ба миқдори 262,5 миллиард сӯм кредит ҷудо карда шуд. Дар баробари ин, ба 30 корхонаи содироткунанда андози арзиши иловагии 80,1 миллиард сӯмина баргардонда шуд. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ «Ярмаркаи савдои ҳудудӣ ва биржаи кооператсия» гузаронида шуда, 144 субъекти тадбиркорӣ бо 1540 намуди маҳсулоти маҳалликунонидашуда иштирок дошт ва ба 354 шартномаи 21,7 миллиард сӯмина имзо карда шуд. Дар «Ярмаркаи техникаҳо, технологияҳои хоҷагии қишлоқ ва намоишгоҳи кооператсияи саноатӣ»-и дар рӯзҳои 10–12-уми декабр баргузоршуда бошад, техникаҳо ва дастгоҳҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои кимиёвии хоҷагии қишлоқ гузошта шуда, оид ба хариди 358 адад техника ва дастгоҳҳои хоҷагии қишлоқ ба миқдори 81,3 миллиард сӯм шартнома имзо гардид.
Имрӯз мо, бояд чораву тадбирҳои муттасил амалигардидаи солҳои охирро оид ба ислоҳнамоии хоҷагии қишлоқ ва дар соҳа ҷорисозии механизмҳои бозориро қайд карда гузарем. Ҳама хуб медонем, ки мавсими имсола чӣ гуна вазнин ва мураккаб гузашт. Бахусус, дар шароити пандемия мунтазам ташкил кардани кор, инҷиқиҳои табиат – хеле серборон омадани баҳор, гармии тоқатфарсои тобистон, дар тирамоҳ бошад, барвақт сар шудани боришот соҳаи хоҷагии қишлоқро боз як бор аз санҷиши ҷиддӣ гузаронд.

Ба ҳамин гуна душвориҳо нигоҳ накарда, дар миқёси вилоятамон ба тайёр кардани 684,5 ҳазор тонна ғалла, 223,3 ҳазор тонна пахта, 1,6 миллион тонна сабзавот, 630 ҳазор тонна картошка, 126,1 ҳазор тонна маҳсулоти полизӣ, 354,4 ҳазор тонна мева, 600 ҳазор тонна ангур, 2,8 ҳазор тонна пилла, 201,3 ҳазор тонна гӯшт ва 1 миллиону 400 тонна шир ноил гардидем. 139 лоиҳаи 236,3 миллиард сӯмина, ки ба афзудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ нигаронида шуда буд, амалӣ гардид.
Аз давлатҳои Австрия, Германия, Нидерландия, Дания 3,1 ҳазор сар моли калони шохдори наслдор оварда, аз онҳо гирифтани насли сифатноки маҳсулдор ташкил карда шуд.
Бо мақсади афзудани маҳсулдорӣ ва самаранокии меҳнат дар ноҳияҳои Тайлоқ, Оқдарё ва Ҷомбой оид ба озуқадиҳӣ, ширдӯшӣ ва аз нав коркардабарории маҳсулоти ширӣ дар чорводорӣ технологияи замонавӣ васл карда, ба кор дароварда шуд.
Дар соли 2020 дар 69,6 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигии хонадони аҳолӣ зироатҳои мавсимӣ кошта, ҷамъ 1,4 миллион тонна ҳосил гирифта шуд. Дар 6 336 хонадон аз ҳисоби маблағи худии аҳолӣ ва кредити имтиёзнок гармхонаҳои дорои конструксияи сабук бунёд гардид.
Бо мақсади самаранок истифода бурдан аз заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, кӯмак ба онҳо ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Томорқа хизмати» ташкил гардида, базаи моддӣ-­маънавии онҳо мустаҳкам карда мешавад.
Дар ҶММ «Томорқа хизмати» 7 сардхонаи қуввати солонааш 1,5 ҳазор тонна анборхонаи нигоҳдорандаи 950 тонна маҳсулот ташкил карда шуд. Аз ҷониби онҳо ба содирот намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқи 5,5 миллион долларӣ, ки дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ рӯёнида шудааст, ноил гардиданд.
Имрӯз дар миқёси вилоятамон фаъолияти 44 кластерҳо (10-то истеҳсоли пахтаву бофандагӣ, 15-то ғаллапарварӣ, 13-то меваю сабзавот, 5-то картошкапарварӣ ва 1-то растаниҳои доруворӣ) ба роҳ монда, ба онҳо 151,9 ҳазор гектар майдони замин вобаста карда шуд.
Соли ҷорӣ пурра ба саҳми кластерҳои пахтаву бофандагӣ рост омадани истеҳсоли ашёи хоми пахта, хусусан, натиҷаҳои баланди дар ин бора дар ноҳияҳои Каттақӯрғон, Пахтачӣ, Иштихон ва Нуробод бадастомада, чӣ гуна самаранок будани сохторро дар амал исбот менамояд. Дар натиҷа ҳосилдории пахта аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна ба ҷойи 23,6-сентнерии соли гузашта, ба 29,5 сентнер афзуд.
Дар соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷомбой дар 24 гектар майдон фаъолияти лабораторияи дар Осиёи Марказӣ ягонаи «In-­vitro», ки лоиҳаи арзишаш баробари 10,5 миллиард сӯм, қувваи солонааш ба расонидани 2 миллион дона кӯчат мувофиқ ва бо технологияҳои пешқадами инноватсионӣ муҷаҳҳаз аст, ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади ба таври кафолатнок таъмин намудани майдонҳои кишт имсол аз буҷети давлат 137,3 миллиард сӯм ё ки нисбат ба соли 2019 1,2 маротиба, барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда бошад, 30,4 миллиард сӯм, ё ки 1,3 баробар зиёд маблағ ҷудо карда шуд.
Дар соли 2020 дар 12,2 гектар майдон технологияҳои обсарфакунанда ҷорӣ карда, аз 38,3 миллиард сӯмина маблағҳои субсидия истифода бурданд. Соли 2021 низ ин корҳоро давом дода, дар 21,4 гектар майдон истифодаи чунин технологияҳо ба роҳ монда мешавад.
Бо мақсади ба соҳа ҷорӣ кардани коммуникатсияҳои замонавии ахбор ва технологияҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани тарзи онлайни ҳисобу китоби об ва идораи автоматикии он дар каналҳои асосӣ 17-то дастгоҳи «Smart Water» («оби боақл») шинонда шуд. Дар соли 2021 гузоштани боз 206 дона чунин дастгоҳ ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли оянда таъмини бефосилаи соҳаҳои саноат бо ашёи хом ва инфрасохтор, истеҳсоли маҳсулоти экспортбобе, ки ҷойи маҳсулоти импортиро мегиранд, зиёд кардани ҳаҷми хизматрасонӣ ва модернизатсияи хоҷагии қишлоқ низ аз вазифаҳои асосиамон мешавад.
Бо ҳамин мақсад дар соли 2021 аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, ҳаҷми умумии маҳсулоти ҳудудиро ба 3,7 фоиз, маҳсулоти саноатиро ба 9,1 фоиз, хизматрасониро ба 5,5 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба 2,9 фоиз бояд зиёд кунем.
Ҳоло дар мамлакатамон сохтори ба фаъолияти идораҳои давлатӣ ва роҳбарони ҳудудҳо ба нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигоҳ карда, баҳо додан ба роҳ гузошта шудааст, ки акнун ҳудудҳо ба тоифаҳои «сурх», «зард» ва «сабз» ҷудо карда шуда, роҳбарон бояд фаъолияти худро аз нигоҳи танқидӣ таҳлил карда, бо пешбинии натиҷа ва самаранокии оянда кор кунанд.
Аз ҷумла, мувофиқи таҳлилҳо шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, ноҳияҳои Булунғур ва Самарқанд ба ҳудуди «сабз», ноҳияҳои Қӯшработ, Пахтачӣ ва Пайариқ ба ҳудуди «сурх», яъне ақибмонда дохил карда шуданд.
Дар 11 моҳи соли равон даромадҳои буҷети маҳаллӣ 8,5 фоиз зиёд иҷро шуда, ба таври иловагӣ 145 миллиард сӯм маблағ пасандоз гардид. Дар ҷамъбасти сол пасандоз 195 миллиард сӯм хоҳад шуд.
Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои иловагии буҷети маҳаллӣ 191 миллиард сӯм барои самтҳои зерин: тадбирҳои барномаи ривоҷдиҳии иҷтимоию иқтисодии ҳудудҳо 76,7 миллиард сӯм, ободонӣ 15,3 миллиард сӯм, барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» 13 миллиард сӯм, лоиҳаҳои Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» 4,2 миллиард сӯм ва ба хазинаҳои марказонидаи дигар 35,6 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
Дар соли равон хароҷоти буҷети маҳаллӣ 3,7 триллион сӯмро ташкил хоҳад кард.
Депутатҳои мӯҳтарам!
Агар гӯем, ки инвеститсия драйвери иқтисодиёт, дили иқтисодиёт аст, муболиға нахоҳад шуд. Вале мо ҳоло аз имкониятҳо пурра истифода намебарем.
Корҳое, ки нуқтаҳои инкишофи вилоят, яъне драйверҳои онро муайян карда, барои пеш бурдани сиёсати фаъоли инвеститсия бояд иҷро кунем, бисёр аст.
Ҳангоми таҳлили нуктаҳои афзоиши ҳудудҳо муайян шуд, ки аз имкониятҳои шаҳр ва ноҳияҳо баромада, ба ривоҷдиҳии электротехника, коркарди металл, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва пластмассагӣ, коркарди меваю сабзавот, ба ривоҷдиҳии соҳаҳои хӯрокворӣ, саноати маҳсулоти бофандагӣ ва трикотаж, туризми зиёрат ва экология, инчунин, хизматрасонӣ алоҳида эътибор бояд дод.
Дар вилоят дар доираи барномаи инвеститсионӣ дар 11 моҳ 981 лоиҳаи арзиши умумиаш 3,6 триллион сӯмина амалӣ гардида, 8775 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
Аз ҷумла, дар самтҳои саноат дар доира 247 лоиҳа 3736, хизматрасонӣ дар 268 лоиҳа 2407 ва дар хоҷагии қишлоқ дар 466 лоиҳа 2632 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
То охири сол 161 лоиҳаи 1,9 триллион сӯминаро амалӣ карда, ташкили 2945 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар солҳои 2021–2023 дар натиҷаи амалӣ кардани 1568 лоиҳаи арзишаш 18,7 триллион сӯмина ташкил кардани 40050 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Баробари ҳамин, 127-то лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида, 150,1 миллион долларина инвеститсияи хориҷӣ аз худ карда шуд ва нақшаи муайяншуда 109 фоиз иҷро гардид.
Дар вилоят ташкил шудани минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва хурди саноатӣ натиҷаҳои мусбии худро медиҳад. Ҳоло дар минтақаҳои мазкури саноатӣ истеҳсолоти технологии баланд ҷорӣ гардида, маҳсулотҳое, ки ҷойи импортро мепӯшанд, ба хориҷа экспорт карда мешавад.
Танҳо дар минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» 55 лоиҳаи арзиши умумиаш 313 миллион долларина амалӣ гардида, 3971 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд. Ҳоло корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодӣ 200 навъи маҳсулот истеҳсол карда, дар соли 2021 он ба 250-то расонида мешавад.
Мисол, дар минтақа корхонаҳои калони саноатие, чун «Азия металл проф» ва «Азия сталл профил» ташкил гардидаанд, ки порчаҳои металл ва партовҳои онро коркард мекунанд.
Корхонаи «Азия металл проф» дар соли 2020 110,5 миллион долларина инвеститсия, 771-то ҷойи нави корӣ ташкил карда бошад, «Азия сталл профил» 60 ҷойи нави корӣ ташкил карда, 6,1 миллион инвеститсия дохил кард. Ин корхонаҳо 1 триллиону 46 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол карда, ба миқдори 25 миллион доллар маҳсулот экспорт кардааст.
Дар соли 2021 низ аз ҳисоби инвеститсияи арзишаш 32,8 миллион долларина амалӣ кардани 14-то лоиҳа ва ташкил кардани 748-то ҷойи нави кориро ба нақша гирифтаанд.
Ғайр аз ин, дар 18 минтақаи хурди саноатие, ки дар 115 гектар замини 14 ҳудуд (ғайр аз ноҳияҳои Ургут ва Тайлоқ) ҷойгиршуда 113 лоиҳаро ба нақша гирифта, то имрӯз 58 лоиҳаи арзиши умумиаш 18,8 миллион долларина амалӣ гардидааст ва 769 ҷойи нави корӣ ташкил кардаанд. Дар натиҷа дар 11-моҳ 66,4 миллиард сӯмина маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид ва 1,8 миллион долларина маҳсулотро экспорт карданд. Инчунин, дар 72,7 гектар майдонҳои ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Ҷомбой, Пайариқ ва Самарқанд (241-то) минтақаҳои хурди нави саноатӣ ташкил карда шуданд.
Иштирокчиёни мӯҳтарами сессия!
Чуноне ки Раисҷумҳурамон таъкид карданд, «Агар тадбиркор бой шавад, халқ ҳам, давлат ҳам бой мешавад!». Бинобар ин, мо корҳои дар асоси ғояи «Ба ҳар як тадбиркор – ёрирасон, мададгор ва дастгирем» ба таври сохторӣ ташкил мекунем.
Аз ҷумла, аз соли 1991 то соли 2018 дар вилоятамон шумораи субъектҳои бизнеси хурд (юридик) 27322-то бошад, дар ду соли охир шумораи онҳо 1,7 баробар афзуда, ба 34524-то расид. Дар ин давр адади тадбиркорони тартиби якка ба 29,8 ҳазор расид.
Дар натиҷаи эътиборе, ки ба соҳа дода мешавад, ҳиссаи бизнеси хурд дар маҳсулоти умумии ҳудудӣ ба 77,5 фоиз, саноат ба 55 фоиз ва хизматрасонӣ ба 71 фоиз расид. Мутаассифона, шумораи субъектҳои тадбиркорие, ки аз рӯйхат гузаштаанд, дар ноҳияҳои Пахтачӣ ва Нуробод ба ҳазорто ҳам нарасидааст.
Бонкҳои тиҷоратӣ ҳамагӣ беш аз 5,9 триллион сӯмина кредит ҷудо карданд. Ба 19,9 ҳазор лоиҳаи соҳаи бизнеси хурд ва тадбиркории оилавӣ 558,8 миллиард сӯмина кредити имтиёзнок дода шуд. Аз ҷумла, аз рӯйи барномаи «Ҳар як оила – тадбиркор» ба 16,8 ҳазор лоиҳа 447,4 миллиард сӯм, аз хазинаи «Ҷавонон – ояндаи мо» ба 110 лоиҳа 31,7 миллиард сӯм маблағ равона карда шуд.
Инчунин, хазинаи шуғл барои дастгирии тадбиркории оилавӣ ба 2580 нафар шаҳрвандони бекор ва камбизоат барои сохтани гармхона дар заминҳои наздиҳавлигӣ, харидани тухмӣ, ниҳол ва воситаҳои обёрӣ 8,7 миллион сӯм субсидия дод.
«Шифохонаи офияти корхонаҳо ва хусусигардонӣ», ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон ташкил карда шудааст, барои ҳалли бисёр муаммоҳои соҳа хизмат мекунад.
Баробари ҳамин, бо мақсади ҳал кардани муаммоҳои тадбиркоронамон ҳар рӯзи душанбеи ҳафта «қабули тадбиркорон» баргузор мегардад.
Масъалаи муҳими навбатӣ барои ривоҷдиҳии тадбиркорӣ бо хусусигардонии корхонаҳое вобаста аст, ки дар онҳо ҳиссаи давлат мавҷуд мебошад. Соли равон ҳамагӣ 73о активҳои давлатӣ ба савдои оммавӣ гузошта шуда, ба миқдори 75,2 миллиард сӯм ва 233,1 миллион доллар харида гирифтан ва инвеститсия дохил кардан, инчунин бо шарти 2214 фароҳам овардани ҷойи нави корӣ ба мулки хусусӣ гузаронда шуд. Дар 30 объекте, ки фурӯхта шуд, 79,4 миллиард сӯм инвеститсия дохил карда, 1104 ҷойи нави корӣ ташкил карданд. Ҳоло 26-то активҳои давлатӣ бо шарти дохил кардани 24,2 миллиард сӯм инвеститсия ва ташкили 295-то ҷойи нави корӣ дар савдои музояда аст. То охири сол 5-ро объекти давлатӣ, ки бо маҷбурияти инвеститсионӣ пешниҳодгардида, аз ҳисоби дохил кардани 14,9 миллиард сӯмина инвеститсия ба кор дароварда шуда, ба тарзи иловагӣ 120 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.
Боз як омили муҳиме, ки ба кайфияти аҳолӣ таъсир мекунад, ташкил кардани ҷойҳои корӣ аст.
Мувофиқи барномаи таъмини шуғли аҳолӣ соли равон 27245 ҷойи нави кории доимӣ ташкил карда шуд. Аз ҳисоби амалӣ кардани лоиҳаҳои инвеститсионӣ нақшаи ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияҳои Булунғур, Нарпай ва Нуробод барзиёд иҷро шуда бошад, дар ноҳияҳои Пахтачӣ 35,3 фоиз ва Каттақӯрғон 35,5 фоиз иҷро шудаасту бас.
Дар даври пандемия дараҷаи бекорӣ 13,6 фоиз (216,6 ҳазор нафар)-ро ташкил карда, дар натиҷаи иҷро кардани корҳои амалӣ дараҷаи бекорӣ ба 11,4 фоиз (183,1 ҳазор нафар) фароварда шуд.
Агар дар даври гузашта 80 ҳазор нафар шаҳрванд худро бо кор машғул карда, аз рӯйхат гузашта бошад, то анҷоми сол шумораи онҳоро ба 85,5 ҳазор нафар расонидан пешбинӣ шудааст. Инчунин, шуғли расмии 74 ҳазор нафар шаҳрванд таъмин гардид, яъне шаффоф карда шуд.
Ҳоло қисми асосии бекорон мигрантҳои меҳнатӣ мебошанд. Дар вилоят барои баргардондани муҳоҷирони меҳнатӣ низ як қатор корҳо амалӣ мешаванд. То ҳол аз 61987 мигрантҳои меҳнатии аз хорҷа баргашта шуғли 30479 нафари онҳо таъмин карда шуд.
Рӯзҳои 19–26-уми сентябри соли равон ҳайати намояндагони вилоят дар Ҷумҳурияти Бош­қирдистон, вилояти Саратов ва шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуда, ба 8-то созиш муяссар шуданд. Ҳоло 12452 нафар шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар хориҷа кор кардан доранд, ба рӯйхат гирифта шудаанд.
Бо мақсади бо тартиб ба хориҷа барои кор фиристодани онҳо корҳо роҷеъ ба таълими касб ва забон оғоз гардиданд.
Дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон марказҳои таълими касбу ҳунар ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят масканҳои таълими касбу ҳунар ташкил карда шуданд.
Аз 1-уми январи соли 2021 дар шаҳри Самарқанд мономаркази «Марҳабо, ба кор» фаъолият оғоз мекунад. Дар он дар 7 самт 17 касб ва 3-то забони хориҷӣ омӯзонида мешавад.
Депутатҳои мӯҳтарам!
Мо дар наздамон мақсади бузурги Ӯзбекистони навро бо халқ якҷоя барпо карданро мегузорем. Агар бо таъбири Президентамон гӯем, ғояи нави «Ҷамъият – ташаббускори ислоҳотҳо» ба фаъолияти ҳаррӯзаамон беш аз пеш амиқ дохил мешавад. Исботи инро, аз ҳама беш дар рӯз аз рӯз ободу зебо шудани маҳаллаву қишлоқҳоямон низ дидан мумкин аст.
Аз ҷумла, дар соли равон дар вилоятамон дар 137 объекти иҷтимоӣ, ки ба сохтмони онҳо 529,4 миллиард сӯм сарф шудааст, аз онҳо ба воситаи барномаи инвеститсионӣ 109-то ва Хазинаи мубориза бар зидди инқироз дар 28 объект корҳои бунёдкорӣ, тармим ва таъмири асосӣ амалӣ шуданд.
Мисол, дар шаҳраки Кимёгарони шаҳри Самарқанд бинои маскани истироҳату маданияти «Нурафшон»-ро таъмири асосӣ карда, ба истифода супурданд.
Инчунин, дар соли 2020 бар асоси Барномаи инвеститсия дар вилоят ҳамагӣ дар 31-то мактаби таълими умумӣ 87,1 миллиард сӯмина ва дар 19-то муассисаи тандурустӣ 53,4 миллиард сӯмина корҳои сохтмону таъмир амалӣ гардиданд.
Дар натиҷаи эътиборе, ки ба соҳаи тандурустӣ дода шуд, дар ду соли охир дар доираи Барномаи давлатии инвеститсионӣ 8 муассисаи тиббиёти дорои 795 ҷойи арзиши умумиаш 224,3 миллиард сӯминаро аз нав сохтанд.
Дар соли 2021 низ барои сохтмон ва тармими 68-то объекти соҳаи иҷтимоӣ ҷудо кардани 396,7 миллиард сӯм маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Депутатҳои мӯҳтарам!
Яке аз вазифаҳои муҳими имрӯза бо оби нӯшиданӣ таъмин кардани аҳолӣ, беҳдошти таъминоти оби ошомиданӣ ва баровардани пасоб мебошад.
Ҳоло 66,8 фоизи аҳолии вилоят бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин карда шудааст. Дар вилоятамон 4841 километр шабакаи оби ошомиданӣ мавҷуд буда, 1123,4 километр ё ки 23,2 фоизи он таъмирталаб аст. Аз 1872 чоҳи об 675-тояш, аз 1671 иншооти об 551-тояш, аз 89 резервуар 19-тояш низ мӯҳтоҷи таъмир мебошанд.
Соли равон сарфи назар аз шароити пандемия дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо барои тармим ва аз нав кардани 735 километр қубурҳои об, 6 резервуар, 143 иншооти об 580,3 миллиард сӯм сарф карда шуд. Барои ин аз буҷети ҷумҳурият 119,5 миллиард сӯм, Хазинаи инкишофи ободонӣ ва фаровонии вилояти Самарқанд 112,5 миллиард сӯм, аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷии молиявӣ ва манбаъҳои дигар 348,3 миллиард сӯм маблағ ҷудо карданд. Дар натиҷа 228,5 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин гардид.
Мисол, дар пункти аҳолинишини «Олға»-и маҳаллаи Ҳазормалӣ, ки дар ҳудудҳои дурдасти ноҳияи Нуробод воқеъ аст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурият дар натиҷаи сохтани иншооти обии арзиши умумиаш 1 миллиарду 285 миллион сӯм 5 ҳазор нафар аҳолӣ бори аввал бо оби нӯшидании таъминоташ марказонида таъмин шуданд.
Инчунин, барои аҳолии маҳаллаи «Қарнаб ота»-и ноҳияи Пахтачӣ шабакаи магистрали оби ошомидании дарозиаш 24 километри арзишаш 1 миллиарду 265 миллион сӯмина барпо карда шуд. Солҳои тӯлонӣ ба ин ҳудуд обро ба воситаи нақлиёт меоварданд.
Дар соли 2021 ба ин мақсад ҷудо кардани 1,9 триллион сӯмина маблағ, яъне аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурият 45 миллиард сӯм, ташкилотҳои хориҷии молиявӣ ва манбаъҳои молиягузории дигар 1881,8 миллиарл сӯм пешбинӣ шудааст.
Ин маблағҳо барои бо оби тозаи нӯшидани таъмин кардани шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, ноҳияҳои Қӯшработ, Иштихон, Пахтачӣ ва Нарпай равона карда мешаванд.
Депутатҳои мӯҳтарам!
Ҳоло 10,7 фоиз аҳолии вилоятамон бо хизмати партовоб (канализатсия) таъмин карда шудаанду халос. Дар ноҳияҳои Пастдарғам, Қӯшработ, Каттақӯрғон, Оқдарё, Пайариқ ва Иштихон сохтори марказонидаи обпарто мавҷуд нест. Мутаассифона, дар маркази вилоят – шаҳри Самарқанд беш аз 40 ҳазор хонадон ё ки 35,5 фоизи аҳолӣ бо шабакаи партовоб таъмин карда нашудааст.
Бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо хизмати обпартоӣ дар даври гузаштаи соли равон шабакаи 137,7-километрӣ гузаронда шуд. Мисол, дар маркази ноҳияи Пахтачӣ иншооти тозакунии обҳои партов сохта шуд, ки қуввааш дар як шабонарӯз 2000 метри мукааб аст. Иншооти тозакунандаи обҳои партови қуввааш 140 ҳазор метри мукааби шаҳри Самарқанд аз ҳисоби 10,4 миллион доллар маблағи Бонки ҷаҳонӣ дар асоси талаботи замонавӣ модернизатсия карда, моҳи марти соли 2021 ба истифода супорида хоҳад шуд.
Ғайр аз ин, аз ҳисоби 117,5 миллион доллар маблағи институтҳои байналмилалии молиявӣ дар маркази 6 ноҳияи вилоят амалӣ кардани лоиҳаи сохтори обпарто оғоз гардид.
Ман эътиборатонро боз ба як масъалаи муҳим нигарониданиам. Дар вилоят 590 ҳазор симчӯб, 12,5 ҳазор трансформатор мавҷуд буда, ҳоло 1200 трансформатор ва 250 ҳазор симчӯб мӯҳтоҷи таъмир аст.
Аз қувваи барқ 683,6 миллиард сӯмина қарздории дебитори мавҷуд буда, нисбати талаботи истеъмолӣ 1,3 миллион киловат соат намерасад. Ин сабаби маҳдудиятҳо дар таъминоти қувваи электр мешавад.
Дар даври гузашта 997 километр шабакаҳои электриро таъмир ва 778 трансформаторро тармим карда, аз нав шинонданд ва 8-тоашро бо трансформатори нави қуввааш калонтар иваз намуданд. Дар натиҷа, захираи 75,6 мегавати ташкил карда, дар 293 маҳалла сифати таъминоти 127,1 ҳазор истеъмолчӣ беҳтар шуд.
Мисол, дар ноҳияи Ургут трансформатори қуввааш 16000 квт-­и бо трансформатори қуввааш 2500 квт-­и, трансформатори 25000 квт-­и маҳаллаи «Шайхислом»-и ноҳияи Иштихон бо трансформатори қуввааш 40000 квт, дар мавзеи Қаросув нимстансияи 16000 квт, маҳаллаҳои Садриддин Айнӣ, «Қавола», «Намозгоҳ» 12000 квм ва «Шарқ» 16000 квт-­иро бо наваш иваз карданд.
Дар соли 2021 таъмири 2765 трансформатор ва таъмири асосӣ ва ҷории 10207 километр шабакаҳои электр ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, соли оянда дар мавзеи Қаросуви шаҳри Самарқанд нимстансияи нави трансформатори 25 ҳазор квт, пунктҳои тақсимоти Сӯзангарон‑3 ва Оқсаройи Хиёбони донишгоҳ тармим карда мешаванд.
Ғайр аз ин, аз нимстансияи «Афросиёб» то нимстансияи «Регистон» шабакаҳои 35 киловатаи дарозиашон 12 километраро нав мекунанд. Дар натиҷа ба истеъмолчиён 5,4 миллиард квт соат қувваи барқ расонда шуда, сифати таъминоти беш аз 152,4 ҳазор нафар аҳолӣ бо қувваи электр беҳтар мешавад.
Иштирокчиёни мӯҳтарами сессия!
Ҳоло дар вилоятамон дар 744 маҳалла 442 ҳазор нафар аҳолӣ бо гази моеъ таъмин карда мешавад.
Дар давоми соли ҷорӣ шабакаҳои газ 25 миллиард сӯмина тармим карда шуданд. Дар қубурҳои газ аз ГРС‑и Оқдарё ба воситаи кӯчаҳои Ӯзбектракт, Шоҳизинда, А. Шомуродов то кӯчаи Панҷакент корҳои сохтмону монтаж иҷро карда шуданд. Дар кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бӯстонсарой қубурҳои зеризаминии газро бо наваш иваз карданд.
Ҳоло қарздории дебиторӣ ба 785 миллиард сӯм расида, нисбат ба сари сол 163,3 миллиард сӯм ё ки 26 фоиз афзудааст. Қарздориҳои аз ҳама калон ба ҳисоби шаҳри Самарқанд (313,9 миллиард сӯм), ноҳияҳои Пастдарғам (118,7 миллиард сӯм) ва Самарқанд (72,4 миллиард сӯм) рост меоянд.
Ҳоло дар вилоят норасоии гази табиӣ ва моеъ мавҷуд аст. Дар як моҳ барои аҳолии вилоят 229 миллиону 193 ҳазор метри мукааб лимити газ муайян шудааст, ки ин нисбат ба талаб 34 миллиону 307 ҳазор куб кам мебошад. Гази моеъ бошад, дар мавсими тирамоҳу зимистон нисбати эҳтиёҷи 24 ҳазору 970 тонна 61 фоиз ё ки 15 ҳазору 273 тонна дода шудаасту бас.
Ин дар навбати худ дар баъзе ҳудудҳо, аз ҷумла шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Пайариқ, Ургут, Пастдарғам ва Самарқанд ба норасоии газ сабаб мешавад.
Бо мақсади бартараф кардани ин норасоиҳо дар соли 2021 таъмири асосии 5 километр шабакаи газ ва тармими 8,9 километри он, инчунин, додани 16024 адад баллони газ ба нақша гирифта шудааст.
Барои беҳдошти таъминоти газ дар шаҳри Самарқанд 31 миллиард сӯмина корҳои гузаронидани қубурҳои газ иҷро гардиданд.
Ҳоло дар вилоят ҳамагӣ 16319 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, 4097 километри он барои истифодаи умумӣ ва 12222 километраш роҳҳои дохилии байнихоҷагӣ мебошад.
Соли 2020 дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 1085,5 километр роҳро таъмир карданд. Барои ин 567,7 миллиард сӯм маблағ сарф шуд. Дар 771 километр роҳҳои автомобилии истифодаи умумӣ ва 28 кӯпрук корҳои таъмирӣ амалӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод 31 километр, қисми 30 километри роҳи самтҳои Бухоро ва Қарширо пайвасткунандаи дар шафати шаҳри Самарқандбудаи М -37, 10 километр роҳи ноҳияи Пастдарғам ва Иштихонро пайвасткунанда, 10 километр роҳи ноҳияи Қӯшработ то сарҳади вилояти Навоӣва 26 километр роҳи аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳияи Пахтачӣ таъмир карда шуданд. Соли 2020 314, 5 километр роҳҳои дохили хоҷагии ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳоро таъмир карданд ва 4 -то кӯпруки нав сохтанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд 67,4 километр, ноҳияҳои Ургут 35,6 километр, Пайариқ 49,8 километр, Қӯшработ 44,3 километр, Пахтачӣ 55 километр ва Каттақӯрғон 42 километр роҳҳои байнихоҷагӣ таъмир гардиданд.
Нисбати соли 2017 беш аз 2 баробар зиёд корҳои сохтану таъмири роҳ амалӣ шуд.
Дар соли 2021 низ барои беҳдошти инфрасох­тори роҳ иҷрои бисёр корҳо ба назар гирифта шудаанд.
Аз маҳаллаи Мотуруд дар роҳҳои автомобилгарди М‑37, 4К‑493, 4Н‑505 самти Имом Бухорӣ пайроҳаҳои пиёдагард ва велопайроҳа 20 километр, кӯчаи усто Умар Ҷӯрақулов, роҳи М‑37-и атрофи шаҳри Самарқанд, ки бо кӯчаи Афросиёб пайваст мешавад, кӯчаҳои Ибни Сино, Бӯстонсарой ва Рӯдакӣ, сохтмони нақб дар чорроҳаи Рӯдакӣ ва Бӯстонсарой ва 9 километр роҳи автомобилии 4Р‑58, ки ба маркази ноҳияҳои Оқдарё ва Иштихон мебарад, кӯпруки нав дар шакли монолит дар 1083-юм километри роҳи автомобилии М‑39, инчунин, дар қисми 6-ум километри роҳи автомобилии М‑37 кӯпруки дарёи «Қародарё» корҳои сохтмону таъмир ба анҷом расонида мешавад.
Баробари ҳамин, соли 2021 дар соли тармими кӯчаҳои Амир Темур ва Гагарини шаҳри Самарқанд, сохтмони нақб (тунел)-ҳо дар чорроҳаҳои кӯчаҳои Гагарин, Мирзо Улуғбек ва Рӯдакӣ, сохтмони кӯпрук дар канали «Сиёб», дар мавзеи собиқ ба номи Р. Ҳамроеви ноҳияи Оқдарё дар кӯпруки дарёи «Қародарё», кӯпруки роҳи шаҳри Каттақӯрғон ва шаҳраки Пайшанбеи «Қародарё», 30 километр роҳи 4Р‑185-и қишлоқи Қарнаботаи Пахтачӣ, роҳи дарозиаш 45-километраи байни ноҳияҳои Қӯшработ ва Нурато ва қисми 8-километраи роҳи автомобилгарди 4Р‑238 дар Булунғур корҳои таъмир амалӣ мешаванд.
Инчунин, беш аз 375 километр роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо таъмир карда шуд. Барои бун­ёди роҳ ва кӯпрукҳо ҷудо кардани 857,4 миллиард сӯм маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Шоёни эътироф аст, ки дар вилоят бобати бунёди хонаву ҷой низ ба натиҷаҳои назаррас расидем.
Ба 1462 оилаи камтаъмин ва барои беҳсозии шароити хонаводагӣ ниёзмандон, аз ҷумла, барои бонувони ногироидошта дар асоси кредити ипотека барои харидани хонаву ҷойи арзон беш аз 46,1 миллиард сӯм пардохти ибтидоӣ супорида шуд.
Солҳои охир дар деҳаҳо 1130-то, дар шаҳрҳо 1284-то (нисбат ба соли 2016 се баробар зиёд) хонаҳои арзон ва қулай сохта шуд.
Дар шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, ноҳияҳои Пайариқ, Ҷомбой, Оқдарё, Пахтачӣ, Ургут, Тайлоқ ва Самарқанд дар асоси тартиби имтиёзнок (субсидия) барои шаҳрвандон ҷамъ 26 хонаву ҷойи дорои 1700 хонадон бунёд гардид.
Сохтмони шаҳрак барои 100 ҳазор нафар дар мавзеи Қаросуви шаҳри Самарқанд босуръат идома дорад. Дар як муддати кӯтоҳ дар ин мавзеъ 77 хонаи 5, 7 ва 9-ошёна барои 3064 хонадон, 47 биноҳои 12, 14 ва 16-ошёна барои 3608 хонадон пешбинишуда бунёд гардида, ба истифода супорида шуд. Ин аз он далолат медиҳад, ки барои зисти қариб 25 ҳазор нафар шаҳрванд шароити замонавӣ фароҳам гардид.
Ҳоло сохтмони 4 бинои 25-ошёнаи дорои 1000 хонадон ва 18 бинои 16-ошёнаи дорои 1728 хонадон давом дорад. Чунин хонаву ҷойҳо дар дигар ҳудудҳои вилоятамон кам сохта мешаванд.
Ғайр аз ин, дар мавзеи Қаросув ду мактаби фарогирияш дар як баст ба 560 нафар, ҷамъ барои 1640 хонанда пешбинишуда, инчунин, ду мактаб 3 кӯдакистони дорои 380 ҷой бунёд гардида, ба истифода супорида мешавад.
Инчунин, 3 кӯдакистон барои 250 нафар, 2-то поликлиникаи оилавӣ, маркази ёрии таъҷилии тиббӣ, дар 42 гектар майдон боғи фарҳангӣ ва истироҳатӣ, растаҳои савдо ва хизматрасонӣ, гузарҳои маҳаллаҳои нав, манзилҳои варзишӣ ва дилхушӣ, IT‑парк, масҷид, инчунин, дигар объектҳои инфраструктура сохта мешаванд.

Дар вилоят дастгирӣ ва аз камбизоатӣ баровардани оилаҳое, ки ба «Дафтари оҳанин» ворид карда шудаанд, инчунин, тартиб додани «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» аз вазифаҳои муҳими мо ба шумор мераванд. Аммо аз ҳисоби ёриҳои иҷтимоӣ ва моддие, ки аз тарафи ҳукумат пешкаш мегардад, кам кардани камбағалӣ ғайриимкон аст, ки инро ҳамаи мо хуб медонем.
Дар оғози сол дар ҳудуди вилоят рӯйхати 47770 оилаи камбағал тартиб дода шуда, онҳо ба «Дафтари оҳанин» ворид гардида буданд. Дар натиҷаи чорабиниҳое, ки дар муддати сипаришуда амалӣ гардиданд, 27389 оила дар асоси қарори Шӯроҳои намояндагони халқи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйхат бароварда шуданд ва дар натиҷаи мулоқотҳои доимӣ бо аҳолӣ, боз 4207 оила ба «Дафтари оҳанин» дохил карда шуданд. Имрӯзҳо 24588 оила дар рӯйхати «Дафтари оҳанин» қарор доранд. Дар шароити пандемияи имсола ба ин тоифаи оилаҳо 201,2 миллиард сӯмина ёрӣ расонида шуд, инчунин 63720 нафар шаҳрванд бо кор таъмин гардиданд.
Ба масъалаи омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки дар «Дафтари оҳанин» ҳастанд, эътибори алоҳида дода шуда, 2128 нафар шаҳрвандони бекор аз рӯйи 12 самт таълим дода мешаванд.
Ғайр аз ин, корҳо бобати тартиб додани «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» ба поён мерасанд. Дар ҳудуди вилоят ҷамъ 883367 нафар ҷавонони синнашон то 30-сола ва 725809 нафар бонувони синнашон аз 30 боло ба рӯйхат гирифта шуданд.
Аён аст, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо, бахусус, самти таълими томактабӣ ислоҳотҳои пайваста татбиқ мегарданд. Вақте ки дар ин бора гап меравад, суханони Сарвари давлатамон «Тайёр кардани генофонди солими миллат, пеш аз ҳама аз сохтори таълими томактабӣ оғоз меёбад»-ро бояд алоҳида таъкид намуд.
Дар натиҷаи ислоҳоте, ки барои рушди таълими томактабӣ сар кардаем, 40-то ташкилоти таълими томактабии давлатӣ, 9-то ғайридавлатӣ (хусусӣ), 39-то дар асоси шарикии давлатӣ-­хусусӣ ва 205-то кӯдакистонҳои оилавӣ ташкил гардиданд. Сатҳи фарогирии бачагон бо таълими томактабӣ дар давоми як сол аз 50 фоиз то ба 63 фоиз боло рафт. То соли 2022 ба 77 фоиз расонидани ин нишондод дар назар аст.
Дар манзилҳои деҳот дар се соли охир 65-то ташкилоти таълими томактабии дорои 6160 ҷой дар асоси шарикии давлатӣ-­хусусӣ, инчунин, 1149 ташкилоти таълими томактабии оилавӣ ва ғайридавлатӣ бо 28725 ҷойи нишаст ташкил гардиданд.
Мӯҳтарам, иштирокдорони сессия!
Вақте ки мо ватанамонро ба кишвари мутараққӣ табдил доданро пеши худ мақсад гузоштаем, мо инро танҳо тавассути ислоҳоти босуръат, илму маърифат ва навоварӣ ба даст оварда метавонем, ки инро худи ҳаёт нишон медиҳад.
Дар ҳамин маврид, тавре ки Президентамон аз забони донишмандони Шарқ таъкид карданд, «Бузургтарин сарват ақлу заковат ва дониш аст, бузургтарин мерос – ин тарбияи хуб аст, аз ҳама қашшоқии калонтарин – нодонӣ аст!» ва дар ин ҳангом ба хотир овардани ин суханон бамаврид аст.
Албатта, имрӯзҳо, аз боғча то муассисаҳои таълими олӣ – тамоми зинаҳои таълимӣ аз нав ислоҳ мешаванд. Дар вилоят 1255 мактаб фаъолият мебарад, ки дар онҳо шумораи хонандагон 734398 нафар ва шумораи омӯзгорон 56370 нафар мебошанд.
Сатҳи пасти дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои таълими умумии вилоят ба муассисаҳои таълими олӣ аз он далолат медиҳанд, ки дар ин самт дар назди мо вазифаҳои зиёде истодаанд.
Аз ин сабаб, мо бо ректорон, профессор-­устодони муассисаҳои таълими олӣ қарор кардем, ки дар ноҳияҳои Пастдарғам ва Ургут, ки дар ин рейтинг нишондоди паст доранд, таҷрибаи навро дар амал ҷорӣ мекунем. Яъне ба 143 мактаби ноҳияи Ургут ва 127 мактаби ноҳияи Пастдарғам омӯзгорони деканат ва кафедраҳои муассисаҳои таълими олӣ вобаста карда шуданд. Масъулони муассисаҳои таълими олӣ аз муаллим ва хонандагони маткабҳое, ки вобаста карда шудаанд, ҳар моҳ тест гирифта, ба онҳо ҳамаҷониба ёрӣ мерасонанд. Хатмкунандагони муассисаҳои таълими олиро ба мактаб ҷалб менамоянд, муҳити рақобати солимро созмон медиҳанд ва натиҷадориро таъмин мекунанд.
Нишондоди фарогирӣ бо таълими олиро дар мисоли ҳудудҳо аз назар гузаронем, дар Ургут ҳамагӣ 4,7 фоиз, дар ноҳияи Самарқанд 7,5 фоиз ва дар ноҳияҳои Ҷомбой, Нуробод, Каттақӯрғон, Пайариқ ва Пастдарғам 8–9 фоизро ташкил медиҳад.
То он даме, ки мо роҳбарон, сенаторони мӯҳтарам, депутатҳо ва аҳли ҷомеа ба соҳаи таълим эътибори ҷиддӣ намедиҳем, ҷавонони мо минбаъд низ нодон хоҳанд монд.
Дар ҳоле, ки мо авлоди олиму уламо, фозилу фузалои зиёд, чун султони илми ҳадис, ки бо дониши худ ҷаҳонро ба ларза овардааст, соҳиби дониши нотакрор Имом Бухорӣ, устоди илми калом Имом Мотурудӣ, олими бузург Мирзо Улуғбек ва дигарон ҳастем.
Дар соли 2020 аз 332 мактаб 330 адади он бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин гардида бошанд, ба 31 мактаб таҷҳизоти нави хонишии 6 миллиарду 274 миллион сӯмина расонида шуд, шумораи мактабҳои хусусӣ ба 16 расид. Соли 2020 дар вилоят 8 нафар кадрҳои педагог бо мукофотҳои давлатӣ, 52 нафар омӯзгорон ба нишони сарисинагии «Халқ таълими аълочиси», инчунин ду нафар ба «Халқ таълими фидойиси» сарфароз гардиданд.
Зинаи минбаъдаи мактаб, яъне занҷири баъдина таълими олӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо ба соҳаи таълими олӣ низ эътибор дода шуда, дар мамлакатамон филиалҳои муассисаҳои таълими олии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ кушода мешаванд. Бахусус, соли ҷорӣ дар вилоятамон филиалҳои Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, спорт, ҷавонон ва туризми Россия ва Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ташкил гардид, ки дар натиҷаи ин шумораи муассисаҳои таълими олии Самарқанд ба 11-то расид.
Бо мақсади қонеъ кардани эҳтиёҷот дар соҳаи таълим ва ихтисосҳои гуногун 10 факултети нав ва 36 кафедра таъсис ёфтанд. Имрӯзҳо аз рӯйи 206 самт мутахассисони дорои маълумоти олӣ тайёр карда мешаванд.
Дар тӯли ду соли охир 39 нафар донишҷӯёни мо соҳиби стипендияи Президентӣ ва стипендияҳои номдор гардиданд ва 258 нафар ҷоизадори олимпиадаҳои байналмилалӣ шуданд, ки 161 нафари онҳо медалҳои тилло ба даст оварданд.
Дар муассисаҳои таълими олии мо 86 нафар омӯзгорони кишварҳои хориҷӣ дарс мегӯянд.
Мӯҳтарам, иштирокдорони сессия!
Аз тарафи Президентамон доир ба рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ислоҳотҳо дар доираи васеъ амалӣ мегарданд. Барои мустаҳкам кардани мавқеъ ва мақоми шифокорон дар ҷомеа, афзунсозии эҳтиром ба онҳо дар байни мардум, фароҳам овардани шароити муносиби кор барои ин мутахассисон ва бобати зиёд кардани даромади онҳо чораву тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.
Бояд гуфт, ки имзо гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми ноябри соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳо оид ба татбиқи механизмҳои комилан нав дар фаъолияти муассисаҳои ёрии тиббӣ-­санитарии муштарак ва афзоиши минбаъдаи самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаи тандурустӣ амалӣ мегарданд» дар ин самт, барои ислоҳ кардани сохтори ҳифзи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад.
Имрӯзҳо дар вилоят 586 клиникаи хусусӣ мавҷуд буда, 485-тои онҳо дар шароити амбулаторӣ ва 101-тояш дар шароити статсионарӣ, аз рӯи 30 намуди ихтисос ба аҳолӣ хизмати босифати тиббӣ мерасонанд. Шумораи клиникаҳои навтаъсис аз ҳисоби инвеститсияҳои хориҷӣ 8 ададро ташкил медиҳад (дар соли 2020 ҷамъ 4-то).
Муассисаҳои табобатии вилоят дар соли 2020 бо асбобу анҷомҳои замонавии тиббии 25 миллиард сӯмина таҷҳизонида шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 13 миллиарду 121 миллион сӯм 83-то «Damas», 10-то «УАЗ», 10-то «Wolksvagen» ва 2-то автомобили «ISUZU» харида шуд. Шумораи автомошинаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ дар худи ҳамин сол аз 135 ба 294 адад афзуд. Дар натиҷа, вақти рафта расидан ба ҷойи даъватшуда аз 30–35 дақиқа то 10–15 дақиқа, ҳиссаи дер кардан ба манзил аз 8,8 фоиз то 2,3 фоиз кам шуд ва вақти расонидани ёрии таъҷилӣ ба беморони вазъашон вазнин суръат гирифт.
Бобати татбиқи сиёсати давлатӣ оиди ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҷалби васеи насли наврас ба илму фан ва инноватсия, дар атрофи ғояи «Аз эҳёи миллӣ – ҷониби пешрафти миллӣ!» муттаҳид сохтани онҳо корҳои муайян анҷом меёбанд.
Соли ҷорӣ аз байни ҷавонони мо ду нафар ғолиби мусобиқаҳои параолимпӣ ва ду барандаи медали биринҷии Олимпиадаи байналмилалии математика дар Ҳонгконг баромаданд. Хонандаи мактаби таълими умумии рақами 64-и ноҳияи Нарпай Нуруллаев Ҳасан Ҷӯрабек ӯғли бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардид.
Имрӯз боз яке аз вазифаи асосии мо ҳифзи мероси фарҳангии миллии худ, дар шуури насли наврас ҷойгирсозии он ва дар ин замина тарбия кардани онҳо мебошад.
Дар вилоят дар самти «Мақом» ансамбл фаъолият бурда, аз тарафи онҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳои дурдаст барномаҳои консертӣ ба намоиш гузошта мешавад. Дар мактаби ихтисосонидашудаи рассомии Самарқанд ва 32 мактаби мусиқӣ ва санъати бачагона аз рӯйи равияи мақом маҳфилҳо ташкил гардидаанд. Озмунҳои бахшиҳо ва оқинҳо гузаронида мешаванд. Дар телерадиокомпанияи вилоят оид ба эҷод ва фаъолияти бахшӣ-­шоирон барномаи махсус роҳандозӣ шудааст.
Ансамблҳои суруд ва рақси «Оқ олтин», «Тарона», «Зарбулоқ», «Ёшлик», «Роҳат», «Сайқал», «Шашмақом», «Таронаҳои Ҷомбой», «Шашмақом – Суғдиёна», ансамблҳои мардумии фолклорӣ-­этнографии «Бешқарсак», «Сарбози» ва «Чавқи» намунаҳои ноёб ва анъанаҳои беназири санъати фолклории моро таблиғ мекунанд.
Депутатҳои мӯҳтарам!
Имрӯзҳо барои таъмини босамари татбиқи сиёсати давлатӣ доир ба дастгирии зан ва духтарон дар вилоят эътибори ҷудогона дода мешавад. Бахусус, 1619 нафар зану духтарони вилоят дар вазифаи роҳбарии соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Аз онҳо 1 нафар узви Сенати Олий Маҷлис, 2 нафар палатаи Қонунофарӣ, 21 нафар дар Шӯрои намояндагони халқи вилоят, 129 нафар дар Шӯрои намояндагони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1 нафар дар вазифаи ҳокимӣ фаъолият мебаранд.
Соли ҷорӣ ба 114 нафар зану духтароне, ки дар вазъияти душвори иҷтимоӣ умр ба сар мебаранд, ногироӣ доранд, фарзандони худро дар оилаи нопурра тарбия мекунанд ва ба беҳсозии шароити рӯзгор ниёзманданд, аз тарафи «Хазинаи давлатии дастгирии мақсадноки зану духтарон ва оила» ба миқдори 2 миллиарду 468 миллион сӯм пардохти ибтидоии хонаву ҷой супорида шуд. 11717 нафар зану духтарон бо кор таъмин гардиданд. Аз онҳо 529 нафар бонувоне мебошанд, ки шароити вазнини рӯзгор доранд. Аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ барои 7281 нафар зан ва духтарон ба миқдори 163 миллиарду 518 миллион сӯм кредити имтиёзнок ҷудо гардида, барои сар кардани тадбиркорӣ ёрӣ расонида шуд. 104 нафар зану духтарон дар асоси гранти алоҳида ба муассисаҳои таълими олӣ қабул гардиданд. 18 нафар бонувон соҳиби нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» ва 2 нафар ҷоизадори мукофоти давлатии ба номи Зулфия шуданд.
Дорои таърихи чандинҳазорсола будани вилоятамон, аз тариқи ҳамин замин гузаштани Роҳи Бузурги Абрешим аз замони пеш барои ташаккули туризм асос гардидааст. Имрӯзҳо дар вилоят дар соҳаи туризм, бахусус, бобати реконструксияи зиёратгоҳҳо ва объектҳои мероси фарҳангӣ, афзунсозии теъдоди сайёҳон, фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо ва ҷорӣ намудани меҳмонхонаҳо ва хидматрасонии логистикӣ як қатор корҳо амалӣ мешаванд.
Ҳоло дар вилоят 125 меҳмонхонаи дорои 5909 ҷойи хоб, 170 меҳмонхонаи оилавии барои 1611 нафар пешбинишуда ва 31 хостели дорои 694 кат ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ 13 меҳмонхонаи дорои 470 хона ва 1071 ҷойи хоб, 28 меҳмонхонаи оилавӣ ва 3 хостел ба истифода супорида шуд. Фаъолияти 15 туроператорони нави туристӣ роҳандозӣ гардид. 10 автобус ва 13 микроавтобуси замонавии барои соҳаи сайёҳӣ пешбинишуда оварда шуд. Шумораи ташкилотҳои туристӣ ба 189 адад расонида шуд.
Деҳаи Конигили ноҳияи Самарқанд, ҳамчун аввалин «Деҳаи туристӣ» дар кишвар ба рӯйхат гирифта шуда, ба фаъолият оғоз кард. Дар майдони 3 гектар корҳои бунёдкорӣ амалӣ гардида, 38 иншооти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба кор дароварда шуданд. Дар натиҷа 100 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Маҳдудиятҳое, ки ба сабаби пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шуданд, ба соҳаи туризм низ таъсири манфӣ расонданд. Шумораи сайёҳон ва экспорти хизмати туристӣ якбора кам гардид.
Дар солҳои 2020–2022 дар вилоят 367 лоиҳаи хизматрасонии туристӣ ба арзиши умумии 6 триллиону 400 миллиард сӯм тартиб дода шудааст. Дар натиҷаи татбиқ гардидани ин лоиҳаҳо 105 меҳмонхонаи нав, 200 меҳмонхонаи оилавӣ, 33 маркази истироҳатӣ, 3 маркази савдо ва фароғатӣ ва 26 лоиҳаи дигари рушди соҳаи сайёҳӣ амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи ин 6771 ҷойҳои нави корӣ ташкил мегардад. Дар деҳаи Конигил дар зинаи дуввум, корҳои амалӣ оид ба ташкили 100 иншооти туристӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ аллакай оғоз ёфтанд.
Бо мақсади ба ҷойҳои таъиншудаи сайёҳӣ ба таври қулай, бехатар ва босифат хизмат расонидани сайёҳон дар маркази шаҳр, вокзал, аэропорт ва автовокзал истгоҳҳои туристӣ ташкил карда мешаванд.
Дар асоси фармоиши ҶММ «Самарқанд туристик сентр» дар ҳудуди канали қаиқронии ноҳияи Самарқанд, дар майдони 212 гектар сохтмони «Маркази туристӣ» ба маблағи 352,8 миллион доллар оғоз шудааст. Ин маскан моҳи марти соли 2022 ба истифода супорида мешавад. Ҳоло 102,9 миллион доллар аз худ карда шуда, корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Ҳамаи мо медонем, ки дар ин сарзамин қадамҷойҳои муқаддаси авлиёҳои азиз ва зиёратгоҳҳо мавҷуданд. Диққату эътибори мо дар ояндаи наздик ба рушди босуръати туризми зиёрат барои кишварҳои мусулмонӣ нигаронида шудааст. Назар ба таҳлилҳо, дар саросари ҷаҳон ҳар сол 148 миллион сайёҳ танҳо бо мақсади зиёрат ба сафар мебарояд.
Мӯҳтарам, иштирокдорони сессия!
Дар рушди ҳама гуна кишвар масъалаи ҷалби технологияҳои рақамӣ вазифаи усутвор ба шумор меравад.
Соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Самарқанд, Пастдарғом, Оқдарё ва шаҳри Каттақўрғон марказҳои омӯзиши технологияҳои рақамӣ ташкил гардида, дар онҳо қариб 300 нафар ҷавонон аз рӯйи самтҳои технологияҳои компутрӣ ва ташкили истифодаи босамар аз интернет таҳсил мегиранд.
То поёни сол боз дар 4 шаҳр ва ноҳия, дар соли 2021 бошад, дар 6 ноҳия марказҳои омӯзишӣ ташкил мегардад.
Дар ин марказҳо соли 2021 ҷамъ 3,5 ҳазор нафар, соли 2022 бошад, 10,2 ҳазор нафар ҷавонон таълим хоҳанд гирифт. Танҳо дар соли ҷорӣ 346 муассисаи таълимӣ ба шабакаи интернет пайваста, шумораи онҳо ба 604-то расид. Инчунин, ба 370 адад кӯдакистонҳо низ сими интернет пайваста шуд. Бо мақсади васеъ кардани шабакаҳои алоқаи мобилӣ 151 адад базаи стансияи нав гузошта шуд ва 561-то пойгоҳи стансия модернизатсия гардид. Дар натиҷаи ин адади стансияҳо ба 2502 адад, шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба 2,2 миллион нафар, муштариёни интернети мобилӣ ба 1,5 миллион нафар баробар шуд ва 98,9 фоиз бо алоқаи мобилӣ, 75 фоиз бо интернети мобилӣ фаро гирифта шуданд.
Бобати кам кардани корҳои ҷиноӣ, саривақтӣ пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо низ корҳои дахлдор амалӣ мегарданд.
Бахусус, дар ин самт бо истифодаи васеъ аз имкониятҳои технологияҳои ахборӣ дар вилоят сохтори автоматикунонидашудаи «102» ба кор дароварда шудааст. Ин барои пешгирии сарсоншавиҳои шаҳрвандон мусоидат намуда, саривақтӣ ба ҳисоб гирифтани ҳар як ҷиноят ва ҳодиса, инчунин, ба ҷойи ҳодиса зуд рафтани гурӯҳи тафтишотӣ-­санҷиширо таъмин мекунад. Имрӯзҳо ба «Маркази вазъиятҳо», ки дар Садорати корҳои дохилии вилоят ташкил карда шудааст, 1500 таҷҳизоти видеоназорати дар объектҳо ва роҳҳои шаҳри Самарқанд гузошташуда интегратсия карда шудаанд.
Ҳоло дар мақомоти корҳои дохилии ҳар як шаҳру ноҳия «Маркази вазъиятҳо»-и хурд ташкил намуда, ба «Маркази вазъиятҳо»-и Садорати корҳои дохилии вилоят ба таври марказонидашуда интегратсия намудан ба нақша гирифта мешавад. Ин барои пурра ба назорат гирифтани ҳудуди вилоят, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва нигоҳдории тартиби ҷамоатӣ хизмат мекунад.
Депутатҳои мӯҳтарам!
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солҳои охир бо мақсади афзунсозии мавқеи институти маҳалла як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ имзо гардиданд. Ташкил гардидани Вазорати дастгирии маҳалла ва оила бобати татбиқи сохтори ягонаи умумӣ аҳамияти калонро соҳиб гардид, ки инро худи ҳаёт нишон медиҳад.
Ман аз ин минбар мехоҳам ба раисони маҳаллаҳо муроҷиат кунам!
Ба ибораи Президентамон, маҳалла бояд ба маънои ҳақиқӣ пули байни мардум ва идораҳои давлатӣ бошад. Аз шодиву ташвиши одамон бояд ҳамеша бохабар бошад. Дар ин рӯзҳо мо чораҳо меандешем, ки ҳамаи раисони маҳаллаҳо бо планшетҳо ва интернети бефосила таъмин карда шаванд.
Барои муроҷиатҳои худро баён кардани мардум, бо мақсади барҳам додани дар байни корхонаву ташкилотҳо сарсон шуда гаштани онҳо, сохтори электронии mahallalar.uz-­ро таҳия кардем. Дар рӯзҳои наздик тамоми мушкилоте, ки шаҳрвандони моро азият медиҳанд, дар ташкилотҳо таҳти назорати раиси маҳалла, васоити ахбори омма ва ҷомеа баррасӣ карда мешаванд. Мақсади асосии сохтори нав низ фароҳам овардани шароити мусоид барои мардум аст. Масъалаҳое, ки аз тарафи раисони маҳаллаҳо ба миён гузошта мешаванд, дар сохтори онлайн тавассути варақаи иҷрои аз тарафи ҳокими вилоят ё ки ҷонишини вай имзогардида, ба иҷрокунандагон расонида мешавад ва назорати он низ аз тарафи ҳокимияти вилоят сурат мегирад.
Раисони маҳаллаҳоро ба фаъол будан даъват карда, ҳеҷ гуна масъаларо пинҳон накарда, ҳамаи муаммоҳоро тавассути сохтори нави дар амал ҷоришаванда ба иҷрокунандагони масъул фиристоданашонро хоҳиш мекунем. Раисони маҳаллаҳо, роҳбарони корхона ва ташкилотҳо набояд фаромӯш кунанд, ки дар замири ҳар як муроҷиат тақдири инсон ниҳон аст.
Имрӯзҳо нақши воситаҳои ахбори оммавӣ, ки муаммоҳои ҷомеаро ба миён гузошта, шаффофиятро таъмин мекунанд, бебаҳост. Баҳодиҳии ошкоро ва холисонаи онҳо ба фаъолияти мо, барои дар асоси нақша пеш бурдани корамон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамаи мо медонем ва мушоҳида карда истодаем, ки солҳои охир барои баланд бардоштани мақоми ВАО қарор ва фармонҳои зиёде қабул карда шуданд ва кормандони соҳа ошкоро ва озодона фаъолият мебаранд.
Дар баробари журналистон, сафи блогерҳо, ки ошкорбаёнӣ ва шаффофиятро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин намуда, дарди халқро, муаммоҳои онҳоро ба миён мегузоранд, то рафт васеъ мешавад. Аз тарафи мутасаддиёни соҳа босуръат бартараф гардидани муаммоҳо, ҳалли амалии худро ёфтани онҳо, албатта, барои афзудани боварии мардум ба ин сохтор чун асос хизмат мекунад.
Дар ин маврид, ба администратор ва модератори гурӯҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, каналҳо, ки ба халқи мо хизмати беминнат мекунанд, миннатдории худро баён мекунам.
Имрӯз, роҳбарони тамоми соҳаҳо бояд дарк кунанд, ки агар ошкороӣ ва шаффофиятро таъмин накунанд, фаъолияти босамарро ба роҳ монда наметавонанд. Фикр мекунам, ки чунин роҳбарон дар сафи мо теъдоди камро ташкил мекунанд.
Вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ, журналисту блогерҳо ва роҳбарони секторҳо, корхонаву ташкилотҳо аз як гиребон сар бароварда, дар роҳи ризоияти мардум дар ҳамкорӣ корро ташкил намоем, албатта ба натиҷаи дилхоҳ мерасем.
Депутатҳои қадрдон!
Мӯҳтарам, иштирокдорони сессия!
Ба ҷойи охирсухан андешаи Абу Тоҳирхоҷа Самарқандиро «Агар сарват мехоҳӣ, ба Ҳиндустон бирав, агар дониш хоҳӣ, ба Макка бирав ва агар ҳар дуро хоҳӣ, ба Самарқанд бирав»-ро ба ёд наоварем, намешавад.
Имрӯз мо якҷоя бо Шумо мақсадҳои бузургро пеши худ гузошта, марраро баланд мондем. Дар пеш моро вазифаҳои бузург, имкониятҳои калон интизор аст.
Аз фурсат истифода намуда, Шуморо бо фарорасии Соли нави 2021 аз таҳти дил табрик мекунам.
Ба шумо ва дар симои шумо ба аҳли оилаву ба ҳамаи наздиконатон неъмати аз ҳама гаронбаҳо барои инсон – сиҳативу саломатӣ, тинҷиву осоиштагӣ, дар соли нав дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётатон натиҷаҳои зиёди мусбӣ, дастовардҳо ва муваффақиятҳоро таманно мекунам.
Бори дигар ба ҳамаи Шумо сиҳату саломатӣ, қувваю ғайрати бепоён, омад ва пирӯзӣ, бахту саодати оилавӣ ёр бошад!
Ба эътиборатон ташаккур!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ