Дилсӯзи забони ӯзбекӣ

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Жӯлибой Элтазаров дар рушди филология ва таълими он, ҳамгироии таълимию илмӣ, таёр кардани бакалаврҳо, магистрҳо ва докторони илм мутобиқи талаботи технологияҳои инноватсионии таълим, саҳми сазовор мегузорад. Интишори китобҳои асосҳои назарияи калима, таҳқиқот оид ба мушкилоти имрӯзаи туркология, барномаи илмӣ оид ба таълими забон ва адабиёти ӯзбек дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва нашри китобҳои дарсӣ аз заҳматҳои олим шаҳодат медиҳанд.
Олим дар бораи табиати лисонии ибораҳои забони ӯзбекӣ аз ҷиҳати функсионалӣ-­семантикӣ, функсионалӣ-­синтаксисӣ, эҷоди назарияи ибораҳои мукаммали забон таҳқиқоти амиқи илмӣ гузаронида, ҳамчун донишманд ва назариётшинос дар мамлакати мо ва берун аз он шинохта шудааст. Монографияҳои ӯ «Назарияҳои лингвис­тикӣ дар бораи ҳиссаҳои нутқ («Сўз туркумлари ҳақидаги лингвистик назариялар»), «Алоқаву ҷойивазкунии байниҳамдигарӣ дар парадигмаи ҳиссаҳои нутқ» («Сўз туркумлари парадигмасидаги ўзаро алоқа ва кўчиш ҳоллари»), «Аз таърихи омӯзиши ҳиссаҳои нутқ дар забоншиносии ҷаҳон ва ӯзбек» («Жаҳон ва ўзбек тилшунослигида сўз туркумларини ўрганиш тарихидан») аз ҷониби ҷомеаи илмӣ баҳои баланд гирифтаанд.
Ж. Элтазаров муаллифи зиёда аз 150 мақолае, ки дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ чоп шудаанд, 7 монография, 3 китоби дарсӣ ва 2 китоби дарсии электронӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии ӯ 5 доктори фалсафа (PhD)-и доир ба фанҳои филология тарбия ёфта, 5 муҳаққиқ барои дарёфти унвони доктори илм ва PhD тадқиқотҳо бурда истодаанд.
Инчунин, 1 нафар аз шогирдони устод барандаи стипендияи Президент, 4 нафар ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба филология ҳастанд.
Устод узви Шӯроҳои илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд мебошад.
Ж. Элтазаров узви Конгресси умумиҷаҳонии тадқиқотҳои Шарқи Миёна (WOCMES), Ҷамъияти Марказии тадқиқоти Евроосиё дар ИМА, Ҷамъияти тадқиқоти Тиёншон дар Ҷопон ва Ҷамъияти забони туркӣ (TDK) мебошад.
Бевосита бо ташаббуси Ж. Элтазаров ва таҳти роҳбарии ӯ, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Ҷумҳурияти Туркия (TИKA) «Сохтмони лабораторияи таълими компутерии забон» (2017), Фонди дастгирии инноватсияи академии назди Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон № AIF‑2/13 грантҳои академӣ (аз 2019 то имрӯз) ба даст оварда шудааст. Илова бар татбиқи тадқиқоти муҳим дар доираи ин грантҳо, дар факултетҳои филология ва физикаи ДДС синфхонаҳои махсуси бо асбобҳои муосири мултимедиявӣ муҷаҳҳаз сохта шудаанд.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи олимони ҷаҳон ба таҳқиқоте, ки дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Ж. Элтазаров дар соҳаи филология, туркология, таърихи маориф ва татбиқи онҳо дар Самарқанд 4 конференсияи байналмилалии илмӣ оид ба масъалаҳои актуалии филология, туркология, диалектология, таърихи маориф, бо иштироки зиёда аз 20 нафар олимони кишварҳои хориҷӣ ташкил карда шуд ва дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Аз ҷумла, Ж. Элтазаров дар Симпозиумҳои байналмилалии «Нақши «Девон ул-­луғот ут-­турк»-и Маҳмуд Қошғарӣ дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ва туркӣ» дар Самарқанд дар соли 2002, «Ҷанбаҳои лингвистӣ ва фарҳангии муноқишаҳои этникӣ», ки солҳои 2008 ва 2009 дар Донишгоҳи Осака, симпозиуми байналмилалии «Забонҳои туркӣ ва ҷаҳон», ки соли 2011 дар Донишгоҳи Мулла Ситки Коғман ташкил карда шуд, Конфронси байналмилалии илмии «Нақши мадрасаҳои асримиёнагии Самарқанд дар рушди тамаддуни исломӣ ва системаи маориф», ки соли 2017 дар Самарқанд баргузор гардид, дар соли 2018 Конфронси байналмилалии илмии «UTDAS‑2018», ки дар ДДС ташкил карда шуд, «Мероси забонии Маҳмуд Қошғарӣ, Маҳмуди Замахшарӣ ва Алишер Навоӣ ва нақши он дар омӯзиши забонҳои туркӣ», ки соли 2018 дар Самарқанд, «Симпозиуми байналмилалӣ оид ба омӯзиши Осиёи Марказӣ», ки соли 2018 дар Бишкек баргузор гардид, ҳамчун ташкилотчӣ фаъол иштирок намуда, дар масъалаҳои ҷолиби туркология ва филология баромадҳо кардааст.
Ж. Элтазаров солҳои 1999–2000 дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Бусан (Кореяи Ҷанубӣ), солҳои 2003–2005 дар донишгоҳҳои Берлин Гумболдт ва Берлин Фрей (Олмон), солҳои 2007–2010 дар Донишгоҳи Осака (Ҷопон), солҳои 2010–2014 дар Донишгоҳи Мугла Ситки Кохман (Туркия) ба ҳайси профессор кор кардааст. Вай дар таълим додани забони ӯзбекӣ ба хориҷиён ва муаррифии забон ва фарҳанги мо ба ҷаҳон, китобҳои дарсӣ эҷод кардааст. Ғайр аз ин, олим «Фарҳанги ӯзбекӣ-­ҷопонӣ-­англисӣ», «Луғати ӯзбекӣ-­ҷопонӣ-­англисӣ», «Китоби дарсии ӯзбекӣ»-ро омода ва нашр кардааст.
Ж. Элтазаров китоби «Олимони Туркистон» («Туркистон олимлари»)-ро барои ҷамъияти ӯзбекҳои бурунмарзӣ ба забони туркӣ омодаву нашр кард ва дар ин китоб оиди олимоне ҳамчун Ал-­Форобӣ, Ал-­Фарғонӣ, Ал-­Хоразмӣ, Ал-­Берунӣ, Ибни Сино, Мирзо Улуғбек, Алӣ қушчӣ, шоирон ва мутафаккирон, аз қабили Хоҷа Аҳмад Яссавӣ, Мавлоно Лутфӣ, Алишер Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, сарлашкарҳо ва арбобҳои давлатие чун Ҷалолиддин Мангубердӣ, Амир Темур, Абулғозӣ Баҳодирхон, ки дар мамлакати мо ба воя расидаанд маълумот дода мешавад. Китоб чандин маротиба бо дархости ҷамъиятҳои ӯзбекҳои бурунмарзӣ бознашр шудааст.
Ж. Элтазаров дар ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ ширкат варзида, дар конфронсҳои байналмилалии зиёда аз 20 давлати хориҷӣ иштирок кардааст.
Дар факултаи филологияи ӯзбек кафедраҳои нав, аз қабили «Методикаи таълими забон ва адабиёти ӯзбек ва забоншиносии амалӣ» («Ўзбек тили ва адабиётини ўқитиш методикаси ва амалий тилшунослик»), «Забонҳои Шарқи хориҷӣ» («Хорижий Шарқ тиллари») таъсис дода шуданд ва бо профессорону омӯзгорони баланд­ихтисос таъмин карда шуданд. Таҷрибаомӯзии ҳайати омӯзгорон дар донишгоҳҳои пешрафтаи Ҷумҳурияти Туркия, Ҷумҳурияти Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон ва Ҷумҳурияти Қазоқистон ташкил карда шудааст. Донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо аз Федератсияи Россия, Афғонистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Ж. Элтазаров якҷоя бо профессорон ва омӯзгорон барои кормандони факултаҳои забон ва адабиёти ӯзбеки Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ, Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах мастер-­классҳо, семинарҳо ва тренингҳо оид ба роҳҳои барқарор намудани робита бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва нашрияҳои илмӣ мегузаронад.
Устод забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ, форсӣ, уйғурӣ, корейсӣ, ҷопонӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, курдиро хуб медонад.
Моҳи июли соли 2020 ба ҳайси проректори якуми Донишгоҳи байналмилалии туризми «Роҳи Абрешим» таъин шуд.
Дар як муддати кӯтоҳ ӯ ҳам дар соҳаи таълим ва ҳам бо кадрҳо кори бузургеро анҷом дод.
Ж. Элтазаров дар бораи ислоҳоти демократии иҷтимоию иқтисодӣ дар Ӯзбекистон, ислоҳоти системаи таълим ва баланд бардоштани сатҳи он ба стандартҳои ҷаҳонӣ, мубориза бо коррупсия, инчунин татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» мунтазам дар рӯзномаҳо баромадҳо мекунад.
Тарзи ҳаёти гуногунҷабҳаи устод ҳамчун олим, омӯзгор ва ходими фаъоли ҷамъиятӣ, инчунин оилаи обод барои насли наврас намунаи ибрат мебошад.

Д.ИСЛОМОВА,
муаллим-­ассистенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ