Ғайбат кардан – гуноҳ

Ман мақолаи Бахтиёри Ҷумъа «Чаро мардум ғайбат карданро дӯст медоранд?» («Овози Самарқанд» шумораи 89–90 аз санаи 28-уми ноябр)-ро хонда, бисёр чизҳоро фаҳмидам. Он ба ман бисёр маъқул шуд ва инак, баъзе фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунам.
Мувофиқи шариат айбу нуқсони касеро дар ғайби ӯ гӯянд ва агар он кас шунавад ё фаҳмад, ки ӯро бад кардаанд ва хафа шавад, дилаш ранҷад, ин хел суханҳо ғийбат (ғайбат) ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат гӯянда хоҳ бо забонаш гӯяд, хоҳ бо қалам нависад, хоҳ бо ишораю имо фаҳмонад ва каси ғайбатшуда хоҳ мусулмон бошад ва хоҳ ғайримусулмон, фарқе надорад, ин ғийбат аст. Ва агар касеро бо айбу нуқсону гуноҳе, ки дар он кас набошад, ғийбат кунанд, дар он ҳол ин тӯҳмат мешавад. Барои он, ки ба хонанда фаҳмотар шавад, дар поён ҳикоятеро баён мекунем.
Яке аз тобеин Иброҳими Нахаӣ (р.) гуфтаанд, ки “Агар ту ягон айби дар инсон бударо гӯӣ, вайро ғайбат кардаӣ, вале агар айб ё нуқсони дар он кас набударо гӯӣ, пас ба ӯ бӯҳтон, яъне тӯҳмат кардаӣ”. Аз ин бармеояд, ки ба бадӣ ёд кардани шахси ҳозирнабуда ғайбат ҳисоб меёбад. Чунончи, бузургон гуфтаанд:
Макун ғайбат,
агар ақлат тамом аст,
Ки гуфтори ту
дар ғайбат ҳаром аст.
Агар айби ту
гардад бар ту зоҳир,
Ба айби кас куҷо пардозӣ охир?
Чи хеле ки инсон бародари ҳамхуни худро аз ғийбат кардан ва хор доштан худдорӣ мекунад, аз айби дигаронро фош кардан ҳам бояд худдорӣ кунад.
Ҳоло одамон ба ғийбатгӯйӣ, ки кори бад мебошад, руҷӯъ мондаанд. Ҳар кас ғийбатро мувофиқи ҷаҳонбинии худ мефаҳмад, баъзе касон ғийбатро он чунон мефаҳманд, ки агар айби касеро дар пеши худаш гуфта натавонанд, дар набудани он кас – ғайбаш мегӯянд. Вале агар айб ё нуқсони касеро дар рӯяш гуфта тавонанд, инро ғийбат ҳисоб намекунанд.
Умуман, аз ғайбат дар канор будан беҳтар аст. Зеро дигарон ягон айбу нуқсоне дошта бошанд, мо ҳам дорем. Беҳтараш, ҳар кадоми мо камбудиҳои худро ислоҳ намоем, айни муддао мешавад.

Ёқуб МАНСУРОВ,
имом-­хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Исҳоқи Валии шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ