Аз 1-уми январ Русия роҳро барои Ӯзбекистон боз мекунад

Аз аввали соли 2021 содиркунандагони сабзавоту мева аз Ӯзбекистон ба Русия, ки борашонро тариқи роҳи оҳан интиқол медиҳанд, барои боркашонӣ аз тахфифҳо (поинравии нарх) истифода хоҳанд бурд.
Дар ин бора Ширкати «Российские железные дороги» (РЖД) 21 декабр дар сомонаи расмии худ қарор дар бораи поинравии тарифҳо ба боркашониро нашр кард. Онҳо ба кашонидани молу маҳсулот, аз қабили фулузот (металлҳо)-и сиёҳ, контейнер, конрейлер ва сабзавоту мева дахл доранд.
Аз ҷумла, аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2021 тахфифҳо ба андозаи 50% ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Русия дар қатораҳои мансуб ба ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амал мекунанд.
Коэффисиенти поинмерафта бо шарти озод кардани РЖД аз пардохт барои истифода аз қатораҳои мансуб ба ин давлатҳо, ки дар боркашонӣ истифода мешаванд, амал мекунад.
Қобили зикр аст, ки соли 2018 низ РЖД барои интиқоли сабзавоту мева аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон чунин тахфифи 50%-и ҷорӣ карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ