КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОҲАИ ТУРИЗМИ ЗИЁРАТӢ ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

Дар доираи татбиқи вазифаҳое, ки роҳбарияти Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳии зиёратӣ ба миён гузоштааст, сафири кишварамон дар Куриёи Ҷанубӣ Виталий Фен бо раиси Федератсияи мусалмонони Куриё имом Ли Ҷу Хва (Абдулраҳмон Лӣ) мулоқот кард.
Федератсияи мусалмонони Куриё соли 1967 таъсис ёфтааст. Он Ассотсиатсияи донишҷӯёни мусулмони Куриё ва Донишкадаи фарҳанги исломии Куриёро назорат менамояд, инчунин мадрасаҳои омӯзиши Қуръонро пуштибонӣ мекунад. Абдулраҳмон Лӣ ба фаъолияти Федератсияи мусалмонони Куриё ҳамчун раиси федератсия ва имом-хатиби ҷомеаи мусулмонони Куриёи Ҷанубӣ роҳбарӣ мекунад.
Дар ҷараёни музокирот роҳбарияти Федератсияи мусулмонони Куриё бо тадбирҳое, ки дар Ӯзбекистон оид ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳони хориҷӣ андешида мешаванд, инчунин корҳои васеъмиқёси барқарор кардани объектҳои мероси фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддаси марбут ба фарҳанги исломӣ шинос карда шуданд. Ба ҷониби Куриёи Ҷанубӣ дар бораи олимон ва мутафаккирони барҷастаи ӯзбек, аз қабили Имом Бухорӣ, Баҳоуддин Нақшбанд, Ҳаким Тирмизӣ, Абумансур Мотурудӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ ва дигарон, ки дар рушди тамаддуни исломӣ саҳми назаррас гузоштаанд, маълумоти муфассал дода шуд. Қайд карда шуд, ки маҷмӯъҳои ёдгорӣ, мақбараҳо ва музейҳои то имрӯз дар Ӯзбекистон маҳфуз, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ин шахсони бузург бахшида шудаанд, ба зиёратгоҳи мусалмонони сершумори тамоми ҷаҳон табдил ёфтаанд.
Роҳбари Федератсияи мусалмонони Куриё таъкид кард, ки ба шарофати мероси уламои ислом Имом Бухорӣ, Нақшбандӣ ва дигарон, Ӯзбекистон воқеан дар ҷаҳони ислом ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Вай изҳори итминон кард, ки шароити мусоиди солҳои охир барои дастгирии туризми зиёратӣ дар Ӯзбекистон фароҳам овардашуда шӯҳрати кишварро дар байни ҷомеаи мусалмонон боз ҳам бештар хоҳад кард.
Имом Ли Ҷу Хва гуфт, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 45 ҳазор шаҳрвандони Куриёи Ҷанубӣ ба дини ислом пайравӣ доранд ва қисме аз онҳо ҳамасола ба ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ мераванд. Дар ин замина ӯ имкониятҳои ташкили сафари зиёратии мусалмонони Куриёи Ҷанубиро ба воситаи Ӯзбекистон, бо фароҳам овардани имкони боздид аз зиёратгоҳҳои исломии ҳудуди мамлакат, ки дар тамоми ҷаҳон мавриди эҳтиром қарор доранд, қайд кард.
Пас аз анҷоми мулоқот байни Сафорат ва Федератсияи мусалмонони Куриё дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи туризми зиёратӣ муоҳида ба имзо расид, ки маҷмӯи тадбирҳои муштаракро барои ҷалби мусалмонони Куриё ба сафари зиёратӣ ба Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, дар бораи ташкили инфотурҳо дар хатсайрҳои сайёҳии зиёратӣ дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хоразм ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон, парвози чартерӣ/сафарҳои гурӯҳӣ ва ташрифоти ҳоҷиён аз Ҷумҳурии Куриё ба Ӯзбекистон, инчунин конфронсҳои сайёр бо иштироки олимони дунёи ислом ду кишвар пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии марбут ба пандемияи коронавирус созиш ба даст оварда шуд.

АИ «Дунё»,
СЕУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ