Дар Фаронса шахси номаълум се нафар корманди пулисро кушт


Як марди номаълум дар ноҳияи Пюи де Доми вилояти Оверн Рона Алпи Фаронса се нафар корманди пулисро кушт ва як нафари дигарро захмӣ кард.
Бино ба хабари Евронюз, зане шабона ба пулис занг зад ва гуфт, ки ӯро аз шавҳараш ҳимоя кунанд. Кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса омаданд ва кӯшиш карданд, ки ин занро наҷот диҳанд. Зан дар ин ҳангом дар боми хона пинҳон шуда буд. Аммо марди 48-сола дар ин ҳангом ба кормандони пулис ҳамла кард. Дар ин ҳамла 3 нафар аз онҳо кушта ва яке захмӣ шуд.
Мард ҳамчунин, ба хона оташ зад, ки ин кори пулисро душвортар кард. Баъди чанде мурдаи мардро дар дохили автомобил пайдо карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ