Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бо арзиши дастрасу арзон гази табиӣ медиҳад

Баъди даҳ соли танаффус, интиқоли гази табии Ӯзбекистон дубора ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Имрӯз дар як маросими хос лӯлаи интқиоли гази табиии шаҳри Хуҷанди кишвари ҳамсоя фаъол карда шуд. Гуфта мешавад дар қадами аввал ин газ барои мардум ва корхонаҳои саноатӣ дода мешавад. Дар ин бора “Аsia-Plus” хабар медиҳад.
Манбаъ зикр мекунад, ки дар асоси созишнома ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки 1000 куб гази табииро бо арзиши 130 доллари ИМА ба Тоҷикистон бифурӯшад, ки бамаротиб дастрасу арзон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ