Ҳукми авфи Трамп барои омилони куштори ғайринизомиёни ироқӣ

Доналд Трамп дар охирин рӯзҳои ҳузураш дар Кохи Сафед, 15 нафар, аз ҷумла аз ҳамҳизбиҳои худ ва омилони куштори ғайринизомиёни ироқиро мавриди авфи раёсати ҷумҳурӣ қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳукмҳои афви раёсати ҷумҳурӣ барои 4 низомии амрикоӣ шоғил дар ширкати Блек Ватер Black Water содир шудааст, ки ба далели куштори шаҳрвандони ғайринизомӣ дар Ироқ, дар додгоҳ маҳкум шуда буданд.

Раиси Ҷумҳурии Амрико ду тан аз маҳкумони парвандаи мудохилаи Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 Амрико ва ҳамчунин 3 нафар аз ҳамҳизбиҳои худро низ машмули афви раёсати ҷумҳурӣ кардааст.

Шабакаи Си Эн Эн CNN чанде пеш фош кард дастёрони Трамп аз вай хостаанд, ки қабл аз тарки Кохи Сафед барои онҳо ҳукми афви раёсати ҷумҳурӣ содир кунад.

Трамп дар даврони раёсати ҷумҳуриаш 45 ҳукми афву тахфифи муҷозот содир карда ва дар рӯзҳои ахир ахборе дар бораи тасмими ӯ ба судури ҳукми афви раёсати ҷумҳурӣ барои се фарзандаш, домодаш Ҷарид Кушнер ва вакилаш Ради Ҷулиани Rudy Giuliani мунташир шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ