Соли 2020 беш аз 7,4 ҳазор нафар шаҳрвандии Ӯзбекистонро дарёфт карданд


Улуғбек Муҳаммедов, раиси идораи расмикунии шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ӯзбекистон дар соли 2020 маълумот дод.
Ба гуфтаи Муҳаммедов, соли ҷорӣ 7419 нафар, ки шаҳрвандӣ надоштанд, бар асоси фармони раисҷумҳур шаҳрвандии Ӯзбекистонро дарёфт карданд.
13 марти соли 2020 таҳрири нави қонуни “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” қабул шуд.
Бар асоси ин қонун, шахсоне, ки то 1 январи соли 1995 ба Ӯзбекистон омадаанд, дар рӯйхати доимӣ сабтином шудаанд ва шаҳрвандӣ надоранд, дар сурати муроҷиат барои гирифтани шаҳрвандии Ӯзбекистон, онро дарёфт карданд. Қабули ҳуҷҷати онҳо аз 1 апрели соли 2020 оғоз шуд.
Яке аз шартҳо барои дарёфти шаҳрвандӣ бар асоси қонуни ислоҳшуда ин донистани забони давлатӣ дар сатҳи мулоқот мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ