Ҳозир: тадбирҳо устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъақул Ҳамроев ифтитоҳ бахшид.


Нахуст иштировдорон маърӯзаи дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдусалом Самадовро дар мавзӯи “Ҳабиб Юсуфӣ – тимсоли ватанпарварӣ ва ҷавонмардӣ” мешунаванд.
Мавсуф зик кард, ки Самарқанд! Ин шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавон дар сарҳади таърих чун маркази тамаддун, гаҳвораи Шарқ, сайқали рӯйи замин шӯҳратёр гардидааст. Дар ин шаҳри муқаддас ва муборак ҳазорон олиму донишмандон ва нобиғаҳои асру замон ба камол расида, нуфузи шаҳри куҳанро болотар бурдаанд. Яке аз чунин фарзандони фарзонаи Самарқанд, Шоири ватандӯст ва ҷанговар, шаҳиди майдони ҷанг, олим,тарҷумони боистеъдод, Ҳабиб Юсуфӣ мебошад.
Ҳабиб Юсуфӣ шоире буд сӯхтаи ишқи Ватан, муҳаббати беҳадду канор ба халқу Ватани худ дошт.
Аммо дареғо ин ҷавонмарди ватандӯст дар айни балоғати эҷодӣ ва камоли маънавӣ бо тири душман дар ҷанг ҳалок шуд. Вале ин шаҳодат номи ӯро миёни ҳамватанонаш маъруф сохт ва шеъри ӯро то олам ҳаст, мардум хоҳанд хонд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ