Ҳозир: дар идомаи тадбир доир ба ҳаёту эҷодиёти шоир Ҳабиб Юсуфӣ видеоролик ба намоиш гузошта шуд

.
Инчунин, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садри Саъдиев ва раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов баромад карданд.
Зикр гашт, ки Ҳабиб Юсуфӣ шоире буд, ки ҳам бо қалам, ҳам бо силоҳ задди адӯ қаҳрамонона ҷангидаст ва мисли ҳазорон ҳазор сарбозон ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардааст.
Барои фарзанди асили Самарқанд Ҳабиб Юсуфӣ Ватан хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст. Ӯ ҳамеша бо Модар-Ватани худ, Самарқанд мефахрад, меболад. Аз ҳар сатри шеъри ӯ накҳати ватандӯстона ба димоғ зада, табъро болида месозад, дилро ба ҷӯш меоварад.
Ватан ҳеҷ гоҳ чунин фарзандони қаҳрамони худро, ки баҳри дифои диёр ҷон нисор кардаанд, фаромӯш намекунад. Ин буд, ки имрӯз ҳукумати кишвар барои поси хотири ин ҷавонмарди ватандӯст дар маҳаллаи Сӯзангарони шаҳри Самарқанд кӯчаеро бо номи шоир – Ҳабиб Юсуфӣ номгӯй карда, санги ёдгорӣ пойдор намудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ