Бо кумаки Ӯзбекистон дар Қирғизистон бемористони нав бунёд шуд


Дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон бо ёрии Ӯзбекистон бемористони бемориҳои сироятӣ бунёд шуд.
Намояндагони вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Амрилло Иноятов, муовини якуми вазири тандурустӣ дар маросими ифтитоҳи ин бемористон иштирок карданд. Алимқадир Бейшеналиев ва дигар аъзои ҳукумати Қирғизистон низ дар маросим ҳузур доштанд.
Бейшаналиев дар суханронии худ ба Ӯзбекистон, ки дар сохтусоз ва таҷҳизи бемористон ёрӣ дод, сипосгузорӣ кард.
Ин бемористон барои 200 нафар пешбинӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ