Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хидматрасонӣ ба кадом давлатҳо насиб кард?

22 декабр 58-умин ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа намояндагони мақомоти миллии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Федератсияи Россия, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюрои стандартҳои ШБД ширкат варзиданд.
Тадбирро раиси ШБД, раиси Кумитаи танзими техникӣ ва метрологияи Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Абенов ифтитоҳ намуд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Иванов бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳозирин муроҷиат кард ва маросими супоридани мукофотҳоро ба лауреатҳо ва дипломантҳои озмун барои Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хидматрасониро оғоз кард. Қарор дар бораи ин ҷоиза дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ 13 марти соли 2020 қабул шуда буд.
14 корхона ва ташкилот аз чор давлати узви ИДМ: ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сазовори ҷоиза шуданд.
Бо шарофати чунин корхонаҳою ташкилотҳо сифат ва рақобатпазирии маҳсулот ва хидматҳо дар кишварҳои узви ИДМ ҳифзу такмил меёбад, технологияҳои пешрафта ва усулҳои самарабахши идоракунӣ ҷорӣ карда мешаванд, ки дар иқтисодиёти давлатҳои узви ИДМ саҳми назаррас доранд.
Иштирокчиёни ҷаласа зиёда аз 20 масъала, аз ҷумла лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди ШБД дар давраи то 2030, масъалаҳои стандартикунонӣ, татбиқи Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои санҷиш бо мақсади тасдиқ намудани шакли сертификатсияи метрологӣ, санҷиш ва калибрченкунии воситаҳои ченкуниро аз 29 майи соли 2015, вазъи корҳои вобаста ба лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба монеаҳои техникӣ дар тиҷорати мутақобилаи кишварҳои узви ИДМ ва эътирофи мутақобилаи аккредитатсияи мақомоти арзёбии мутобиқат, лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои Ташкилоти (Ассотсиатсияи) минтақавӣ оид ба аккредитатсия (ТМА) ва ғайраро баррасӣ карданд.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Натиҷаҳои муҳими ҷаласа тасдиқи Оинномаи ҳамкории АвруОсиё оид ба аккредитатсия , Нақшаи чорабиниҳо (Харитаи роҳ) оид ба ташкили ТМА -и ШБД барои солҳои 2020-2021, Барномаи кории Гурӯҳи кории ШБД оид ба таъсиси Ташкилоти (Ассотсиатсияи) минтақавии аккредитатсия барои солҳои 2021-2022 буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ