Дар ноҳияи Пахтачи дар арафаи Соли нав объектҳои нав ба истифода супурда шуд

Имрӯз дар ноҳияи Пахтачи як қатор объектҳо ба истифода супурда шуд. Дар маркази ноҳия поликлиникаи марказии бисёрсоҳавӣ кушода шуд, ки ба ивази 2 миллиарду 517 миллион сӯм сохта шудааст. Дар ин ҷо 8 нафар шифокор ва 26 нафар ходими миёнаи тиббӣ фаъолият нишон медиҳанд. Аз ҷониби ҳокимияти ноҳия ба таҳририяти рӯзномаи «Пахтачи» бинои нав сохта шуд ва ба истифода супурда шуд. Дар маркази ноҳия сохтори пасоба кашида шуда, ба корхона ва ташкилотҳо, хонадонҳои аҳолӣ васл гардид. Инчунин дар маркази ноҳия 2 бинои бисёрошёна ба истифода супурда шуд. Бинои 5-ошёна аз ҷониби корхонаи хусусии «Мадина савдо белгиси» бунёд гашта, барои 114 хонадон мӯлҷар карда шудааст. Бо иштироки ҳокими вилоят Э.Турдимов ва вакилони ҷамоатчигӣ бинои шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳия, заводи ордбарорӣ, иншооти обӣ, хонаву ҷойҳои намунавии арзон ба истифода супурда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ