Ҳушдори Доналд Трамп ба ЭронДонналд Трамп, раисҷумҳури феълии ИМА бо таваҷҷӯҳ ба ҳамлаи мушакӣ ба сафорати ин кишвар дар Ироқ ба Эрон ҳушдор дод.


Ба гуфтаи Трамп, масъулияти ҳамла ба сафорати ИМА дар Бағдод ба дӯши Эрон аст.
Ӯ дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, “Рӯзи якшанбе чандин мушак дар сафорати мо дар Бағдод афтод… Тахмин кунед, онҳо аз куҷо парвоз омаданд: аз Эрон. Мо дар бораи ҳамлаҳои нав ба амрикоиҳо дар Ироқ мешунавем. Чанд маслиҳати дӯстона ба Эрон: агар ҳатто як амрикоӣ кушта шавад, ман Эронро муттаҳам мекунам. Хуб фикр кунед”.
Ёдовар мешавем, рӯзи 20 декабр сафорати ИМА дар Ироқ ба ҳамлаи мушакӣ дучор шуд. Ба сӯи сафорат 3 мушак ва снаряд парвоз кардааст. Дар бораи қурбониён маълумоте нест.
Бино ба хабари «Ал-Арабийя», системаи зиддиҳавоӣ тавонистааст “роҳи мушакҳоро бигирад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ