“ПСҶ” қарордодро бо Томас Тухел пеш аз муддат бекор кард


Роҳбарияти ҷамоаи футболи “Пари Сен Ҷермен”-и Фаронса пеш аз муддат бо сармураббӣ Томас Тухел қарордодро бекор кард.
Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, сабаби эҳтимолии қатъи ҳамкории “ПСҶ” бо мутахассиси олмонӣ ҳамзамон бо натиҷаҳои охирини ҷамоа, мусоҳибаи ӯ бо шабакаи телевизионии Sport 1 мебошад, ки боиси норозигии роҳбарон шудааст.
Ҳоло Массимилиано Аллегрии италияӣ ва Маурисио Почеттинои аргентинаӣ номзадҳои асосӣ барои мураббигӣ ба футболбозони “ПСҶ” мебошанд.
Ҳанӯз дар оғози моҳ маълум шуда буд, ки “ПСҶ” бо Тухел муддати қарордоди ҳамкориро дароз нахоҳад кард, аммо, интизор мерафт, ки мураббӣ то поёни мавсим роҳнамои ҷамоа мемонад.
Тухел соли 2018 сармураббии “ПСҶ” шуда буд. Ҷамоа дар ин муддат ду бор қаҳрамони Фаронса, барандаи ҷом ва ду бор барандаи суперҷоми Фаронса шуд. Ҳамчунин, ҷамоа соли ҷорӣ нахустин бор дар таърихи худ дар финали мусобиқаи Лигаи қаҳрамонони Аврупо бозӣ кард. Дар ин бозӣ фаронсавиҳо ба ҷамоаи “Бавария”-и Олмон мағлуб шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ