ЮНИСЕФ: 40 дарсади аҳолии Судани Ҷанбӣ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд


Бунёди кӯдакони Созмони милали муттаҳид – ЮНИСЕФ эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир дар аксарияти минтақаҳои Судани Ҷанубӣ муаммои дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳоҷатхонаҳо вуҷуд дорад. Ин метавонад дар соли 2021 боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардад. Дар ин бора Deutsche Welle Swahili ба нақл аз ҳисоботи ЮНИСЕФ хабар дод.
Намояндагони ЮНИСЕФ созмонҳои инсондӯстонаро ба ёрии молиявӣ ба аҳолии Судани Ҷанубӣ даъват карданд.
Дар ҳисоботи ин созмон гуфта мешавад, ки 40 дарсади аҳолии кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳамчунин, 61 дарсади онҳо ҳоҷатхонаи ҷавобгӯ ба стандартҳои маъмулӣ надоранд.
Самуэл Мадул, муовини мудири лоиҳаи таъмини шароитҳои санитарии «Wash» мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи санитарӣ дар Судани Ҷанубӣ 45,6 миллион доллар зарур аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ