Корона ҷони 152 нафари дигарро дар Эрон гирифт

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе бо эъломи охирин омори беморону ҷонбохтагони корона дар Эрон афзуд: “Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 178 бемори ҷадиди Ковид — 19 дар кишвар шиносоӣ ва 924 нафар бистарӣ шуданд”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт: “Дар 24 соати гузашта бо фавти 187 бемори дигар аз беморони Ковид — 19 теъдоди маҷмӯи ҷонбохтагон дар Эрон ба 54 ҳазору се нафар расид”.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид — 19 дар Эрон ба як миллиону 183 ҳазору 182 нафар расидааст, ки хушбахтона то кунун 924 ҳазору 685 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Вируси корона омили бемории Ковид-19 аз авохири соли 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин мушоҳида ва дар муддати кӯтоҳе дар ҳамаи ҷаҳон мунташир шуд, ба тавре, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ фаврияи 2020 барӯз пандемияи ин бкмориро таъйид кард.

Бемории Ковид-19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 77 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз як миллиону 700 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Вируси корона бо дасти олуда , атса ё сурфа ва ҳатто қатароти танаффусӣ аз тариқи даҳон, бинӣ ва чашм ба афрод мунтақил мешавад.

Тангии нафас, хастагӣ ва бадандард, ихтилол дар бӯёӣ ва чашоӣ ва мушкилоти гуворишӣ, аз ҷумла аломатҳои бемории Ковид-19 аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ