Аз моҳи январ дар Россия барои тамокукашон маҳдудияти нав ҷорӣ мешавад

Соли оянда, дар Россия касоне, ки ба маҳсулоти тамоку афзалият медиҳанд, бо мамнӯият ва маҳдудияти нав дучор хоҳанд шуд, хабар медиҳад «РИА Новости».
Аз ҷумла, аз 1 январи соли 2021 тамокукашӣ дар муассисаҳои тиббӣ, фурӯшгоҳҳо, анбор ва анҷомхонаҳо манъ карда мешавад. Ин дар қарори ҳукумат аз 25 сентябри соли 2020 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои режими зидди сӯхтор» пешбинӣ шудааст.
Танҳо ҷойҳои махсуси тамокукашӣ истисно хоҳанд буд — тибқи қонун, ин ҷойҳо бояд бо лавҳачаҳои махсус «Ҷойи тамокукашӣ» аломатгузорӣ шаванд.
«Роҳбарони ташкилоти мазкур муваззафанд, ки дар муассисаҳои худ лавҳаҳоро бо навиштаҷоти қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор, огоҳӣ дар бораи манъи сигоркашӣ: «Тамокукашӣ ва истифодаи оташи шӯълавар манъ аст » насб кунанд, — шарҳ медиҳад ҳуқуқшинос.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намудани тамокукашӣ дар соли 2013 ба муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва тиббӣ дахл дошт. Дар даромадгоҳҳои вокзалҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои баҳрӣ ва дарёӣ (дар фосилаи на камтар аз 15 метр) тамокукашӣ манъ аст. Манъи пурра ба мақомоти давлатӣ, майдончаҳои кӯдакон, ҷойҳои оббозӣ ва биноҳои хадамоти иҷтимоӣ дахл дорад. Тибқи маълумоти пажӯҳишҳо, пас аз эътибор пайдо кардани ин қонун, шумораи ҳолатҳои тамокукашӣ тақрибан 70% коҳиш ёфтааст, қайд кард коршинос.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ