Тасмими давлати Трамп барои фурӯши бомба ба Арабистон

Давлати Трамп тасмиме мабни бар додани муҷаввизи фурӯши бомба ба Арабистон дар ҳоле иттихоз кард, ки ин иқдом беш аз ин бо мухолифати шадиди намояндагони демократ рубарӯ шуда буд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Конгресси Амрико, Вазорати хориҷаи ин кишвар ба Конгресс иттилоъ додааст, ки қасди судури муҷаввизи фурӯши 7 ҳазору 500 бомба ба арзиши 438 миллион доллар ба Арабистон дар охирин рӯзҳои давлати Трамп раиси Ҷумҳури Амрикоро дорад.

Ин дар ҳолест, ки узви аршади кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико Боб Менедез «Bob Menendez» пеш аз ин дар бораи фурӯши таслиҳот ба Арабистон ҳушдор дода ва хостори тавзиҳоти Вазорати хориҷаи Амрико шудааст.

Бархе намояндагони Конгресси Амрико низ аз Арабистон ба далели мудохила ва таҷовузи низомӣ ба Яман интиқод кардаанд.

Арабистон бо хариди анбӯҳи силоҳҳои амрикоӣ ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба куштори мардуми бедифои Яман машғул аст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ин ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш, то кунун ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани 10 ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ