Қиёфаи замонавию нави фурудгоҳи Самарқанд


Дирӯз, аз ҷониби компанияи ҶС “Uzbekiston Airoports”, ҶММ “Аэропорти байналхалқии Самарқанд” дар мавзӯи “Ҷараёни навоварӣ дар аэропорти байналхалқии Самарқанд: замонавӣ, бехавфӣ , сифат ” пресс-тур ташкил карда шуд. Дар оғози Пресс-тур журналистон лоиҳаи нави роҳравҳои парвози самолётҳоро аз назар гузарониданд. Инчунин, иштирокдорони тадбир бо фаъолияти бинои терминали муваққатии аэровакзал, ки мувофиқи дастур сохта шудааст, шинос шуданд. Тибқи маълумот 95 фоизи корҳои таъмири аэродром то имрӯз иҷро шудааст. Пас аз таъмири “Аэропорти байналхалқии Самарқанд” ба пуррагӣ дар режими “Осмони мусаффо” фаъолият мебарад. Сипас, дар толори маҷлисгоҳи Аэропорти Самарқанд семинар гузаронида шуд. Дар он, ходимони компания, журналист ва блогерҳо иштирок карданд. Дар навбати аввал котиби матбуоти Аэропорт Собирова Лаълихон тадбирро кушод ва ба мавзӯъ равшанӣ андохт. Баъд аз он, иҷрочии вазифаи директори “Аэропорти байналхалқии Самарқанд” Ҷамолов Муродҷон баромад карда оиди корҳои сохтмонӣ, рафти кор ва нақшаҳои оянда гап зад. Ӯ гуфт, ки таърихи бунёди фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд дароз буда, аз соли 1927 сар мешавад. Соли 1998 Аэропорт як маротиба реконструксия шудааст. Инак, дар соли 2019 бо қарори ҳукумат бинои кӯҳнаи онро вайрон карда дар шакли нав ва замонавӣ сохта истодаанд. Вай аз 3 қабат иборат буда, қисми болои он дар шакли китоб сохта мешавад. Китоб ин ба маънои рамзӣ, яъне таърихи Самарқандро нишон медиҳад. Ба гапҳои ӯ сардори Шӯъбаи ташкили парвозҳо Мусобеков Дониёр ҳамроҳ шуда, оиди корҳои ташкилии компания ҳарф зад. Ӯ қайд кард, ки имсол нисбати соли гузашта бо сабаби пандемия парвозҳо кам гашт. Дар давраи карантин асосан рейсҳои ғайринавбатӣ ташкил гардид. Пас аз сабук гардидани қоидаҳои карантин дар моҳҳои охир 35 – 40 рейс ба амал оварда шуд, ки ин нисбати соли гузашта хеле кам аст. Масалан дар соли 2019 компания ба 235 ҳазор нафар хизмат расонда бошад, дар соли 2020 ба 10 -12 ҳазор нафар мусофир хизмат расондааст.
Дар охир, аз ҷониби журналист ва блогерҳо саволҳо оиди мавзӯъ дода шуд ва ба он ҷавобҳои амиқ гирифтанд.
Н. Бобоахмедов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ