Шоири таронасарои ВатанГулбаҳор ҲОМИДОВАСоли оянда мардуми шарафманди мо 105-солагии шоири маҳбуб, ватандӯст, тарҷумон, ҷанговар Ҳабиб Юсуфиро ҷашн мегиранд


.
Ҳабиб Юсуфӣ (Юсуфов Ҳабибулло) яке аз шоирони намоёни ҷавон ва тарҷумони соҳибистеъдод мебошад. Соли 1940 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст.
Шеърҳои аввалини Ҳабиб Юсуфӣ дар 17-солагиаш навишта шудаанд. Дар роҳи эҷод бошад, адиби шаҳид ҳамагӣ ҳашт сол қалам рондааст. Дар ин муддати хеле кӯтоҳ ӯ беш аз 150 шеър, 2 достону 8 мақола навиштааст. 12 достони адибони рус ва беш аз 200 шеърро тарҷума кардааст.
Офаридаҳои Ҳабиб Юсуфӣ аз ҷиҳати мавзӯъ бой аст, вале Ватан аз муҳимтарин мавзӯъҳои эҷодиёти ӯ мебошад. Баъди мутолиаи ашъори Юсуфӣ хонанда иқрор мешавад, ки эҷодиёти ӯро тавсифу тараннуми Ватан ташкил додааст. Тасвири образи Ватанро тамоми эҷодиёти Юсуфӣ гуфта метавонем. Шоири ватандӯст бо тамоми ҳастиаш меҳру муҳаббати худро ба Ватан ифода кардааст. Ӯ меҳри Ватанро аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар меҳисобад. Ҳабиб Юсуфӣ боварии комил дошт, ки Ватанаш дар оянда қуллаҳои илми замонро фатҳ карда, комрон мешавад. Юсуфӣ ошиқи зиндагии озодона буд. Муваффақиятҳо, хушбахтиҳо, комёбиҳо, суруру нишот ба шодии ӯ фараҳи тоза зам менамоянд ва нест кардани монеаҳо ва душвориҳо дар дили ӯ ҷуши мубориза бармеангезад, аз нокомиҳо ғам мехӯрад ва дар рӯзҳои барои Ватан душвор рафиқи муборизи вай аст. Ватан ва тараннуми он ба лирикаи ишқии шоир низ таъсири калон расонидааст. Дар эҷодиёти ӯ духтари тоҷик дигар мутеву нотавон нест ва ҳар корро чун сарнавишти тақдир қабул намекунад. Вай барои бахту саодат ва фирӯзмандии ҳаёти хеш мубориза мебарад. Аз муваффақиятҳои Ватани азизаш дили шоир ба ҷӯш меояд ва шоир тайёр аст, ки ба Ватан содиқона хизмат карда, тамоми ҳастиашро ба он бахшида, ҳатто агар лозим шавад, ҷони худро дар ин роҳ нисор кунад.
Барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, ки ашъори чунин шоири баландистеъдоди бузург ва ҳимоятгари Ватан дили хонандагонро ба ваҷд меорад. Бинобар ин, омӯхтани таърихи эҷодиёти шоир диққати ҳар шахси бошуурро ҷалб мекунад.
Мақолаҳои илҳомбахши ин шоири соҳибистеъд, шаҳиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мавзӯъҳои қаҳрамонӣ, фидокорӣ, ҳимояи Ватан ва ҷоннисориҳо дар роҳи Ватан бахшида шудаанд. Шеъру достон ва мақолаҳое, ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, хонандаро ба ҳисси муҳаббат нисбат ба халқу Ватан даъват мекунад ва хонанда Ҳабиб Юсуфиро чун як нафар фидокори роҳи Ватан, ҳимоятгар ва таронасарои кишвари ба ҷону дил баробар ҷилвагар месозад.
Баъди мутолиаи шеърҳо ва мақолаҳои ӯ хонанда як илҳоми тоза ва фараҳи беандозае мегирад.
Шоир дар ашъораш на танҳо имрӯзи Ватанро ба хубӣ мебинад, балки ояндаи дурахшони онро низ пеши назар меорад. Шоири ватандӯст тамоми меҳри худро ба Ватан ифода кардааст. Ӯ меҳри Ватанро аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар медонист ва барои Ватан қурбон шуданро хушбахтӣ ҳисоб мекард.
Дар даври Ҷанги Бузурги Ватанӣ ватандӯстии шоир бо меҳри нав зуҳур кардааст. Ӯ дар роҳи муҳофизати Ватан қаламро бо шамшер иваз кардааст, ки ин қаҳрамонии бемисл мебошад.
Вақти он аст, эй қалам
буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан
ғуррандатар гардӣ зи барқ.
То ба душман ҳамла орам,
решааш буррӣ зи бех.
То расӣ, Манҳус
анчарро кунӣ бешоху барг!
Ин аст, ки шоир бо қаҳрамонӣ ва фидокориҳо то сарзамини Варшава расида, дар яке аз муҳобираҳо, ҳамагӣ ду моҳ қабл аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 4-уми феврали соли 1945, дар 29-солагӣ ҷонашро дар роҳи Ватан нисор кардааст. Бузургии эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёт асосан дар се самт равона шудааст: лирика, танқиди адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ.
Лирикаи шоир гуногунмавзӯъ ва рангоранг аст. Дар он бахту саодати занони озод, пешравиҳои коргарон, мубориза барои сулҳу амнияти умумибашарӣ, дӯстии халқҳо тасвир гардидаанд. «Ба духтари тоҷик», «Ишқи Ватан», «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Муҳаббат ва ҳақиқат», «Лаҳзаи хурсандии ман» ва ғайра дар мавзӯъҳои гуногун навишта шудаанд.

Юсуфӣ яке аз асосгузорони мактаби тарҷумаи бадеӣ мебошад. Бисёр асарҳои русиро ба тоҷикӣ гардондааст. Минбаъд тарҷума ва омӯзиши эҷодиёти адибони рус кори асосии ӯ, мавзӯи доимии сӯҳбат, мақолаву тақризҳо гардидаанд. Тарҷумаи бадеӣ як ҷузъи калонтарини эҷодиёти Юсуфӣ ва гузориши бузурги ганҷинаи мадании миллӣ ба шумор меравад. Шоир як силсила достон ва садҳо шеъри А. Пушкин, Ю. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, В. Маяковский, Т. Шевченко ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Хизматҳои ҷангии Ҳабиб Юсуфӣ дар ғалаба бар фашизм ва озод кардани мамлакат аз истилогарони немис бо ордени «Ситораи Сурх», медали «Барои мудофиаи Ленинград» қадр шудаанд.
Шеърҳои аз дилу ҷон навиштаи шоир нотамом ва бисёр суханони мутаассири вай ногуфта монданд. Аммо фашизми лаъин натавонист, ки хизмати ӯро дар назди адабиёт ва халқ нобуд созад. Ҳабиб Юсуфӣ чун шоир ва муборизи ҳамешаҷавон барои ифодаи музаффариятҳои замон сарбаландона қадам зада, номи неки худро дар таърих боқӣ гузошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ