Никол Пашинян омодагии худро ба истеъфо изҳор кард


Никол Пашинян, сарвазири Арманистон гуфт, ки барои истеъфо омода аст, агар ин хоҳиши халқ бошад. Ӯ дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт, ки баргузории интихоботи порлумонӣ зарур аст.
Ӯ навишт, “Агар халқ чунин қарор кунад, ман барои рафтан аз мақоми худ омодаам. Ман метавонам танҳо бо қарори халқ аз мақоми худ равам”.
Пашинян афзуд, ки дар сурати боварии мардум ба ӯ метавонад роҳбарии ҳукуматро идома диҳад.
Сарвазир пешниҳод кард, соли 2021 интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки ин рӯзҳо мардум бар зидди ҳукумат дар Арманистон намоишҳо баргузор мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ