Ҳушдори раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба Арманистон

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳар гуна таҳаррук ва нақзи тавофуқномаи Қарабоғ ба Арманистон ҳушдор дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Илҳом Алиев дар боздид аз ду шаҳри озодшудаи Қубодли ва Зангелон ба Арманистон ҳушдор дод, агар як гулӯла аз он тарафи Арманистон ба сӯйи мо партоб шавад, ин кор авоқиби ҷуброннопазире дар пай хоҳад дошт.

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин ба вайронии рустоҳову шаҳрҳои ишғолшуда аз сӯйи Арманистон ишора карду афзуд: “Мо барои бозсозии ин манотиқ ва бозгашту истиқрори соҳибони аслии ин сарзамин ҳар гуна иқдоми лозимро анҷом хоҳем дод”.

Илҳом Алиев бо интиқод аз баёнияи созмони ЮНЕСКО гуфт: созмони ЮНЕСКО иддаоҳои бепояеро матраҳ кардааст ва мо осори ҳамаи миллатҳоро ҳифз мекунем.

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ахиран аз рӯйкарди ғайрисозандаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи эъзоми коршиносон барои баррасии манотиқи озодшудаи Қарабоғ ва боздид аз биноҳои таърихӣ интиқод кардааст.

Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон якдигарро ба тахриби осори таърихиву фарҳангӣ дар минтақаи Қарабоғ муттаҳам карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ