Шумори мубталоёни коронавирус дар Русия ба 3 миллион нафар расид


Дар як шабонарӯзи гузашта дар Русия 29 258 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Бо ин ҳол, шумори умумии мубталоёни коронавирус дар кишвар ба 3 миллион нафар расид.
Бино ба хабари шабакаи телевизионии “МИР 24”, рӯзи гузашта дар Русия 567 нафар мубталои коронавирус даргузаштанд. Шумори кулли қурбониёни ковид19 ҳоло ба 54 226 нафар расид.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта 28 185 нафар бемор шифо ёфтанд ва шумори умумии онҳо ба 2 426 439 нафар расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ