Хонаи Трамп баъд аз тарки Кохи Сафед куҷост?

Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания аз 20 январи 2021 ба баъд ва пас аз истиқрори Ҷо Байден ба унвони раисиҷумҳури ҷадиди Амрико дар Кохи Сафед барои зиндагӣ ба иморати тафреҳии худ дар Флорида нақли макон ме‌кунанд.

Ба гузориши Ал Олам, хонаводаи Трамп қарор аст баъд аз Кохи Сафед на дар Ню-Йорк балки дар иморати Мар-а-Лаго, минтақаи Палм-Бичи Флорида зиндагӣ кунанд.

Мелания Трамп қасд дорад писари худ Бэрронро ба мадрасае хусӯсӣ дар фосилаи 40 дақиқаии иморати Мар-а-Лаго бифиристад, ки ин мадрисаи хусӯсӣ солона 35 ҳазор доллар шаҳрия дорад.

Трамп як Penthouse (Пентхаус) муҷаллали 100 миллиондолларӣ низ дар бурҷи худ дар Ню-Йорк дорад, ки пеш аз раёсатҷумурӣ дар онҷо иқомат доштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ