Тирандозӣ дар Берлин: 4 нафар захмӣ шуданд


Дар натиҷаи тирандозӣ дар пойтахти Олмон ҳадди ақал 4 нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора рӯзномаи Bild хабар медиҳад.
Ин ҳодиса субҳи имрӯз дар ноҳияи Кройсберги Берлин, дар паҳлӯи офиси ҳизби сотсиалистӣ-демократии Олмон рух дод.
Пулис ҳоло сабаби ин ҳодисаро меомӯзад. Кормандони пулис ҷойи ҳодисаро зери назорат гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки 3 нафар дар ин ҳодиса захмӣ ҷиддӣ гирифтаанд. Як нафари дигаре, ки аз ҷойи ҳодиса фирор мекард, худро ба рӯд партофааст. Пои ӯ шикастааст. Ҳоло ҳама захмиён дар бемористонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ