Оё дар Ӯзбекистон боз карантин ҷорӣ мешавад?


Рӯзҳои охир шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз нав ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои карантинӣ дар Ӯзбекистон хабарҳои гуногун паҳн мекунанд. Ин хабарҳо чӣ андоза ҳақиқатанд? Оё дар Ӯзбекистон боз карантин ҷорӣ мешавад?
Моҳир Каримов, котиби комиссияи махсуси ҷумҳурӣ, корманди масъули Девони Вазирони Ӯзбекистон ба ин савол чунин ҷавоб дод:
– Бино ба маълумоти ҳамкасбони аврупоии мо, штамми нави коронавирус аз қаблиаш фарқ дорад – он тез сироят мекунад ва тез паҳн мешавад. Аммо дар Ӯзбекистон штамми нави коронавирус кашф нашудааст.
Ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои карантинӣ қоидаҳои эпидемиологӣ дорад. Маҳдутиятҳо вобаста ба паҳншавии беморӣ, бандии ҷойҳои беморон дар бемористонҳо ва ҷавобгӯ будану набудани салоҳияти мавҷуда муайян мегарданд.
Агар шумори беморон афзоиш ёбад ва мубориза бар зидд беморӣ дучори душвориҳо гардад, комиссияи махсус вазъиятро баррасӣ мекунад. Ман агар бо таваҷҷӯҳ ба тамоми чорабиниҳои худамон бигӯям, роҳ надодан ба афзоиши коронавирус ва штаммҳои гуногуни он дар дасти худамон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ