Дар Олмон ваксиназанӣ аз пиразани 101-сола оғоз шуд


Рӯзи якшанбе дар Олмон ваксиназанӣ ба аҳолӣ оғоз шуд. Бино ба хабари Bild дар ин кишвар пеш аз ҳама пиронсолон ва шифокорон бар зидди коронавирус эм мешаванд.
Нахустин касе, ки дар Олмон ваксинаро қабул кард, пиразани 101-сола дар Халберштадт шуд. Ӯ дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунад.
Олмон ваксинаҳои муштараки ширкатҳои BioNTech ва Pfizer-ро истифода мебарад.
Ёдовар мешавем, аз имрӯз, 27 декабр дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ ваксиназанӣ оғоз мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ