Дар Эрон 8 нафар кӯҳнавард қурбони тарма шуданд


8 нафар кӯҳнавард дар Эрон қурбони тарма шуданд. Дар ин бора IRIB хабар дод.
Рӯзи 25 декабр дар натиҷаи фаромадани тарма дар 29 кӯҳнаварди эронӣ дар зери барф монданд. Наҷотдиҳандагон тавонистанд 14 нафарро наҷот диҳанд. 8 нафар кӯҳнавард дар зери барф кушта шуданд. Ҷустуҷӯи 7 нафари дигар идома дорад.
Бино ба хабари сайти федератсияи кӯҳнавардии Эрон, Ҳасан Аминӣ Озардӯст, мураббии кӯҳнавардӣ низ дар ин ҳодиса кушта шудааст.
Федератсия пеш аз ин ҳодиса обу ҳавои рӯзҳои 25 ва 26 декабрро эълон ва аз эҳтимоли тарма огаҳ кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ