Шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 80 миллион нафар расид


Бино ба маълумоти “Worldometers”, шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 80 717 858 нафар расидааст.
Коронавирус беш аз ҳама дар кишварҳои ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Русия, Фаронса, Британияи Кабир, Туркия, Италия ва Испания паҳн шудааст.
То ҳол дар саросари ҷаҳон 56 909 552 нафар бемор шифо ёфтаанд. Шумори қурбониёни коронавирус ба 1 764 621 нафар расидааст.
Дар Осиёи Марказӣ Қазоқистон аз ҷиҳати шумори мубталоёни коронавирус кишвари аввал аст. Дар Қазоқистон 151 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд. Шумори мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон 80 ҳазор, дар Афғонистон 51 ҳазор ва дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ