Ағбаи миёни Самарқанд ва Қашқадарё баста шуд


Ба далели ях бастани роҳи мошингарди ағбаи Тахтақорача, ки вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарёро ба ҳам мепайвандад, ин ағба баста шуд. Дар ин бора идораи бехатарии роҳи вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар дод.
Дар хабар чунин гуфта мешавад, “Ба далели ях бастани роҳи мошингарди ағбаи миёни вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарё баъди боридани барф, ҳамчунин, бо эҳтимоли тарма ва меҳ (туман) ҳаракати автомобилҳо дар ағба муваққатан қатъ шуд”.
Идора ҳамчунин аз ронандагон дархост мекунад, ки дар чунин вазъият дар шаб бе зарурат автомобил наронанд, дар сурати зарурӣ ҳангоми ронандагӣ ба фосилаи ҳаракат риоя кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ