Коронавируси «Британиягӣ» боз дар ду мамлакати Осиё аниқ гардид

Навъи нави коронавирус, ки маротибаи аввал дар Британияи Кабир аниқ гашт, дар Иордания ва Курияи Ҷанубӣ ҳам қайд гардид. Ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат беморони якуми ба ин штамми нав мубталошудагонро эълон карданд. Беморон дар сафари Британия шуда буданд. «Навъи нави вирус дар 3 аъзои 1 оила тасдиқ гардид» гӯён хабар додааст Агентии назорат ва пешгирии бемориҳои Куриё. Онҳо ҳафтаи гузашта аз Британияи Кабир баргаштанд. Вазири ҳифзи тандурустии Иордания Назир Обидат ба агентии «Petra» маълум кардааст, ки дар мамлакат аз рӯйи штамми нав ду ҳолат аниқ гардидааст. Ба зану шавҳаре, ки рӯзи 19-уми декабр аз Британия баргаштанд, беморӣ бо штамми нав маълум шудааст. Навъи нави коронавирус моҳи сентябр дар Британияи Кабир пайдо шуда, мобайни моҳи ноябр фаъол паҳн шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ